• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

 

Касе намегуфт ки дар асри 21- асри технологияҳои навин вабое чун терроризму эктремизм тавлид меёбад ва ин фазои қарнро бо пайомадҳои шуму ваҳшиёнаи хеш тираву тор  месозад. Касе намегуфт, бо гузаштани асрҳо инсоният ба ҷойи таҳаммулгароиву таҳаммулпазирӣ, баланд гардидани маънавиёт, баъди аз таҷрибаҳои талхи гузаштаи таърихи хеш гирифта амалҳои ваҳшиёнаи террористӣ анҷом медиҳад. Барои қатли инсонҳои бегуноҳ ихтироот мекунад, мактабҳо мекушояд, дарсҳои бераҳмию бешафқатӣ, зулму ситамро ба наврасону ҷавонон ёд медиҳад, ҷавонони ноогоҳро ба роҳи бадтарину нопоктарин, ба роҳи ғайриинсонӣ ҳидоят месозад. Касе намегуфт, ки рӯзе мерасаду ба ҷойи ахлоқи ҳамида ахлоқи нопоку ношоиста зиёд мешавад.

Асри 21 бо кадом аъмолу хусусият минбаъд маъруф мегардад, инро ҳам касе намедонад. Вале имрӯз чӣ гунае наслҳоро омода мекунем тарбия менамоем, аз фарҳанги кӯҳанбунёди хеш воқиф  месозем, фарҳанге, ки дорои фалсафаи баланд, ростӣ, покӣ, амалҳои хайру савоб, ахлоқи поку ҳамида аст, чӣ гуна аз илму дониш бархӯрдор месозем, ояндаи миллат сахт вобастагӣ дорад. Зеро инсоният наметавонад бе боварӣ ба якдигар бе муносибати поки инсонӣ, бе муҳаббату садоқат ба якдигар зиндагӣ намояд. Дар ин зимн як мисолеро иброз каданиям. Чанд рӯз қабл дар барномаи “Синяя птица”-и шабакаи РТР Планета як наврасе маҳорати наттоқию суханварии хешро нишон дода, дар мавзӯи “хоксорӣ ва берӯӣ” ҳарф зада, изҳор дошт  “соромность пережиток прошлого”. Яъне насле ба воя мерасад, ки фарҳанги волоро пасмондаи гузашта меномад.

Ҳадаф аз ин гуфтаву мисолҳо ҳамин аст, ки аъмоли бад, берӯиву бадахлоқӣ, андешаву аъмоли харобсозанда бояд пешгирӣ карда шавад, аз ҷумла ақидаҳои ифротиву тунгароёна. Ба ҷойи он тарғиби ҳамон фарҳанги баланди инсонии миллати тоҷик, башардӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми калонсолон, волидайн ба роҳ монда шавад.

Асри технология, интернет ҷиҳатҳои мусбӣ агар дошта бошад, ҷиҳатҳои манфии он ҳамин терроризм аст. Терроризме, ки ақидаҳои ифротгароёнаашро тавассути шабакаҳо паҳн карда, мардумро гумроҳ месозад. Ваъдаи маблағи калон бошад ақлҳои хоми чандин ҷавонро хира намуда, сӯйи худ мекашад. Вале он тарафтар агар раванд на маблағу на ваъда. Аз миёни онҳо ҳамон саркардае, ки қобилияти гумроҳкунӣ дорад, соҳиби маблағ мегардад. Магар ин маблағи калон ба ҷони одамӣ меарзад?

Ҳанӯз дар замони ҳузури Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, дар хоки Покистон дар даҳ ҳазор мадрасаи динӣ беш аз 50000 ҷавони ҳабдаҳсоларо таҳти омӯзиш ва парвариш қарор додаанд. Тӯли чиҳил соли охир дар Покистон мутобиқи дастури кишварҳои бонуфуз ба омӯзиши ҷавонони Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Яман, Сурия, Алҷазоир, Либия, Марокаш, Филиппин машғуланд. Аз миёни шогирдони ин мадрасаҳо Абдулло Иззом, Усома бини Лодан ва Айман Завоҳирӣ роҳбарони ҳаракатҳои террористӣ гардиданд.

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи гузаронидани вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон соли 2015 аз 3 ҳазору 233 нафар шаҳрванд, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, беш аз 3 ҳазор нафар ба ватан баргардонида шуданд. Амнияти ҳар давлату кишвар дар дасти худи ӯст. Яъне тарбияи насли солиму созанда, дорои фарҳанги баланд ва сифатҳои инсодӯстӣ таъмини  амнияти давлатҳо шуда метавонад. Ҷавоне, ки нисбати камбудиву норасоӣ, нисбати рафтору аъмоли бад бетарафӣ зоҳир накунад, эҳсоси баланди ватандӯстӣ нишон диҳад, ӯ аллакай дар ҳифзи амнияти миллӣ гоми устувор гузоштааст.

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj