• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

РОҲҲОИ ПЕШГРИӢ ВА ЧОРАҲОИ

ФАҲМОНДАДИҲӢ АЛАЙҲИ БЕМОРИИ COVID-19

 

93.JPG - 164.63 KbСанаи 05.12.2020 бо ташаббуси кафедраи биохимия ва генетикаи факултети биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба пешгирии мавҷи дуюми бемории COVID-19 семинари машваратӣ гузаронида шуд, ки дар он нахуст, мудири кафедраи биохимия ва генетика дотсент Ғайратзода М.Х. доир ба роҳҳои пешгирӣ ва бартараф кардани ин вирус суханронӣ намуд Дар семинар декани факултет, н.и.б. Бобозода И., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Раҷабова Б. ва инчунин, меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли факултет иштирок доштанд. Дар идома оиди роҳҳои пешгирӣ, нишонаҳо ва оқибатҳои ин беморӣ мудири озмоишгоҳи МД маркази тибии шаҳрии №2, ба номи академик К. Тоҷиев, дотсент Амонов Бегиҷон Пулодович, корманди Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Шамсуддинов Шаъбон ва донишҷӯи курси 5-уми биохимияи тиббӣ Қурбонова Маҳбуба бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуданд. Маърӯзачиён оид ба пайдоиш, паҳншавӣ, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва оқибатҳои ин беморӣ маълумоти муфассал доданд.

Дар охири семинар иштирокчиён ваъда доданд, ки худро ҳамчун гурӯҳи фаъол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар дохилу атрофи донишгоҳ барои роҳҳои пешгирӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ин беморӣ саҳмгузор  мебошанд.

 

 

 

 

92.JPG - 154.16 Kb 93.JPG - 164.63 Kb 94.JPG - 190.86 Kb

95.JPG - 174.66 Kb 96.JPG - 170.51 Kb 97.JPG - 173.87 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj