• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

САД МАЛАК АЗ ТУ САБАҚ ОМӮЗАДУ САД ҲӮР ДАРС...

IMG_1683.JPG - 168.47 KbРӯзи 17 – уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушди таҳсилоти томактабӣ дар 30-соли Истиқлолият” бахшида ба 70-солагии олими соҳаи психологияи бачагона Нарзуллоева Майрамхон бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки конференсия аз се бахш:

1.Ташаккули шавқу ҳаваси маърифатӣ ва амали дарккунии кӯдак дар шаклҳои гуногуни фаъолият;

2.Таҳкими арзишҳои ҳаёти солим дар синни томактабӣ;

3.Муттасилӣ дар мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ - иборат буда, роҳбарии онро омӯзгорон вобаста ба самти касбии худ Қурбонова Г.А., Қурбонова З., Тураев Ё. бар ӯҳда доштанд. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода конференсияро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, маърӯзаҳо доир ба ҳаёту фаъолияти ин бонуи хирадпарвару некрой  аз ҷониби д.и.п., профессор Иматова Л.М., дар мавзӯи “Дастовардҳои соҳаи таҳсилоти томактабӣ дар даврони Истиқлолият”, муовини раиси н.И.Сомонӣ Шарифзода Наргис зери мавзӯи “Зиндаю ҷовид монд...”, д.и.п., профессор Маҷидова Бибиҳафиза-“Инсони комил ва муҳаққиқи нуқтасанҷ”, котиби дуюми кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Мирасанова Зарагул -“Гиромитар зи ту фарде надидем”, мудири кафедраи назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ н.и.п., дотсент Тураев Ёрмуҳаммад дар мавзӯи “Агар аҳли маориф бигзарад, боқӣ бувад номаш” ва хоҳари марҳум Назруллоева Латофатхон “Ёдҳои талху ширин” маърӯзаҳо пешниҳоди ҳозирин гардид, ки сатр-сатри маърӯзаҳо ифодагари шахсияти волову нотакрории Майрамхон Нарзуллоеваро бозгӯ мекарданд.

Дар фарҷом роҳбарияти донишгоҳ китобҳои муаллима Нарзуллоева Майрамхонро чун рамзи арҷгузории ҳунари омӯзгории он кас ба иштирокчиёни конференсияи мазкур тӯҳфа намуд.

Ин нафас дар зери хокиву вале бо фахри кулл,

Сад малак аз ту сабақ омӯзаду сад ҳӯр дарс.

 

 

IMG_1678.JPG - 202.27 Kb IMG_1683.JPG - 168.47 Kb IMG_1684.JPG - 136.07 Kb

IMG_1690.JPG - 169.17 Kb IMG_1692.JPG - 89.06 Kb IMG_1714.JPG - 192.06 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj