• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ЧАШМИ МАРДУМРО КУШОЯД МАТБУОТ

1.jpg - 109.83 Kb

 

«Матбуот –оинаи ҳаёт»-бо чунин унвон бо ибтикори кафедраи забони тоҷикӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи матбуот ҳамоиши пуршукӯҳ  баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли ин боргоҳи маърифат ширкат доштанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳангоми ироаи сухани ифтитоҳӣ роҷеъ ба вижагиҳои матбуоти замони истиқлол, ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ, роҳҳои таҳкими амнияти фазои расонаӣ ва усулҳои пешгирии таъсири ахбори муҒризонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷавонон, бахусус донишҷӯён ибрози назар кард.

Оид ба “Нақши матбуот дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон” доктори илмҳои филология, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ Саидмуроди Хоҷазод маърӯза карда афзуд, ки фазои расонаии замони истиқлолро дастовардҳои бунёдии роҳбарияти мамлакат, амсоли бунёди роҳу иншооти таъйиноти гуногун, раванди вусъатноки ободонӣ, ҷараёни бесобиқаи бунёдкорӣ, рушди беназири соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ, мактабу маориф, илму техника, фарҳангу варзиш, ифтитоҳи манзилҳои маскунӣ, боҒу гулгашт, марказҳои фароҒатӣ ва майдончаҳои варзишӣ мукаммал месозад. Аз раванди бунёди нақбҳо, роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, иншооти гидроэнергетикӣ чун НОБ- и РоҒун, ифтитоҳи рамзҳои давлатдорӣ дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва ба ин васила таровати тоза пайдо намудани табиати афзункори  Тоҷикистони биҳиштосо ҳамарӯза даҳҳо мақолаҳои гуногунжанр, барномаҳои гуногунмуҳтаво омодаву  таҳия ва пахш мегарданд.

Инъикоси холисонаи симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазъи иҷтимоии мардуми диёр аз самти муҳимтарини кори матбуот ва расонаҳои замони истиқлол ба шумор меояд.

Сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”- и донишгоҳ Ҳабибулло Сатторӣ ва омӯзгорони ин муассисаи олии таълимии мамлакат Ҳанифаи Муҳаммадохир, Ҳамза Боқизода, Равшани Ҳамроҳ роҷеъ ба саромадони матбуот ва паҳлуҳои дигари рушди матбуот, инчунин хусусиятҳои он дар замони истиқлол изҳори назар намуданд. Дар хотима ба кормандони фаъоли ҷодаи матбуот мукофоти пулии Иттифоқҳои касабаи донишгоҳ супорида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки айни замон дар ҷумҳурӣ  беш аз 376 рӯзнома, 245 маҷалла, 11 агентии иттилоотӣ, 49 телевизион ва 32 радио фаъолият доранд, ки аксари онҳо ғайридавлатӣ мебошанд. Ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад. Ҳамаи ин расонаҳо новобаста ба шакли моликият дар ҳамбастагӣ барои комилсозии фазои расонаии мамлакат мусоидат менамоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj