• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ЭЙ ДӮСТ БИЁ, БОЗ БА НАВРӮЗ РАСИДЕМ...

9.JPG - 243.35 KbРӯзи 19.03.2021 дар доираи тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯзи дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи тарбия Иброҳимов Қ., декани факултети биология Бобозода И., муовинони декан, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва инчунин омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар факултет хони Наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва ҳунарҳои миллӣ ороста шуда,  ба намоиш гузошта шуда буд. Нахуст раиси шӯрои кураторони факултет Наима Таваллоева суханронӣ намуда, ҳамаи омӯзгорону донишҷӯёнро бо фарорасии фасли баҳори нозанин ва ҷашни наврӯз табрику муборакбод намуд. Сипас як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли факултет бо суруду таронаҳои дилнишин хотири бинандагонро болида гардониданд. Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет Бобозода И., ба хотири фаъолона иштирок намудани як қатор донишҷӯён дар олимпиадаву чорабиниҳои фарҳангӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ намуд.

Суратгузориш аз рафти чорабинии наврӯзӣ:

 

 

 

9.JPG - 243.35 Kb 10.JPG - 209.34 Kb 11.JPG - 247.46 Kb

13.JPG - 252.75 Kb 14.JPG - 177.63 Kb 15.JPG - 233.24 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj