• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД...

2.JPG - 204.99 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 14-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси кафедраи таърихи умумии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар оғози чорабинӣ омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Гадоев Ғ. суханрони намуда, зикр доштанд, ки устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он нафаронест, ки тамоми умри пурқимати худро пайи эҷодиёт ва зинда намудани хотираи таърихи халқи тоҷик ва чеҳраҳои адабии тоҷик бахшидааст. Сипас, Наҷмуддинов Т. дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ дар саргаҳи маорифпарварии кишвар” маърӯза намуда, иброз доштанд, ки устод Айнӣ ҳамчун як чеҳраи шинохтаи назму насри тоҷик аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштааст.Дар идомаи чорабинӣ устодони факултет доир ба паҳлуҳои мухталифи зиндагӣ ва осори устод Айнӣ маърӯзаҳо намуданд.

 

 

Суратгузориш аз рафти чорабинии мазкур:

1.JPG - 218.67 Kb 2.JPG - 204.99 Kb 3.JPG - 235.66 Kb 4.JPG - 119.93 Kb

5.JPG - 221.83 Kb 6.JPG - 121.88 Kb 7.JPG - 123.59 Kb 8.JPG - 184.21 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj