• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ДОНИШҶӮЁН АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ

ТЕРРОРИСТИИ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАР МАМНУЪ ОГОҲАНД

7.JPG - 91.24 Kb6-юми декабри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултаи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеъ дар мавзуи “Ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии дар қаламрави кишвар мамнуъ” бо иштироки намояндаи Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Наботов Меҳроҷиддин, муовини ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, Раиси иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорон Ҳобилҷон Зикирзода, деканони факултетҳо, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дигар сохторҳои идории донишгоҳ ширкат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба хатарзо будани ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнуъ мебошад.

Ҷаласаро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, зимнан зикр дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамарӯза миёни донишҷӯёни факултетҳо, инчунин дар хобгоҳҳои донишгоҳ вохӯриву суҳбатҳо дар бобати нагаравидани ҷавонону донишҷӯён ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротии дар қаламрави кишвар мамнуъшуда, баргузор менамояд.

Дар идома, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Наботов Меҳроҷиддин дар мавзуи “Масоили ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнуъшуда, аз ҷумла,  ҳаракати Толибон суханронӣ намуд.  Мавсуф зимни суханронӣ зикр намуд, ки ҳадафҳои асосие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар самти масъалаҳои зикршуда, ҷонибдор аст, мебояд дар миёни донишҷӯён таблиғу ташвиқ карда шуда, моҳияти таълимоти ифротиву экстремистии ҳизбу ҳаракатҳои дар қаламрави кишвар мамнуъро ба самъи онҳо расонид, то ҷавонони бедонишу ноогаҳ ба доми ингуна ашхоси дорои ҳаракатҳои номатлуб фирефта нагарданд.

Илова бар ин, дар идомаи ҷаласа, Ҳобил Зикирзода, номзади илмҳои фалсафа, Раиси иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорони донишгоҳ суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки баррасии масоили ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз масъалаҳои меҳварии хатарзои ҷомеаи башарӣ маҳсуб гардидааст. Мазкур ёдовар шуд, ки дар самти нагаравидани ҷавонон ба ингуна ҳаракатҳои номатлуб, мебояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни ҷавонону донишҷӯён ҳамарӯза тақвият бахшем ва нагузорем, ки ҳеч як ҷавону донишҷӯ аз дарки муғризонаи ин созмонҳои террористиву экстремистии хатарзои ҷомеа  ноогаҳ монад.

Дар қисмати фарҷоми ҷаласа, аз ҷумла, Маъдӣ Абдураҳмонов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, Шоҳназар Бердиев, номзади илмҳои фалсафӣ, мудири кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳӣ, Толиб Амиров, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ изҳори назар намуданд.

Дар ҷаласа мавзуъҳои ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуи террористӣ, ҳаракати “Толибон”, ҳаракату ҷараёнҳои тундраву иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар боботи масъалаҳои мазкур фазифадор шуданд.

Ҳабибулло САТТОРӢ,

Сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”

 

1.JPG - 109.21 Kb 2.JPG - 141.41 Kb 3.JPG - 131.05 Kb

4.JPG - 110.80 Kb 5.JPG - 155.56 Kb 6.JPG - 113.05 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj