• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2.JPG - 57.47 Kb10 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети география конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ба ифтихори “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва инчунин ба муносибати 80 – солагии олими намоёни соҳаи география Алишер Ҷӯраев таҳти унвони “Рушди илмҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёни ин конференсияи сатҳи баландро ба ин даргоҳи илму таълими кишвар хушомадед намуд. Мавсуф аз хизматҳои шоистаи устод Алишер Ҷӯраев ёдовар шуда, туҳфаи Раёсати донишгоҳро дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ супорид. Сипас, декани факултети география Аҳрорҷон Қаландаров баромад намуда, зикр намуд, ки саҳми устод Алишер Ҷӯраев дар рушди илми табиатшиносии кишвар назаррас буда, маҳз бо ибтикори ӯ дар факултети географияи Донишгоҳ ихтисосҳои нави “Иқлимшиносӣ”, “Яхшиносӣ” ва “Хариташиносӣ” ташкил гардид. Бояд қайд намуд, ки дар конференсияи мазкур олимону донишмандони соҳаҳои гуногуни кишвар – ҷуғрофияшиносон, химикону биологҳо, иқтисодчиён ва таърихнигорон иштирок намуда, ҳар яке аз дафтари хотироти хеш бо Алишер Ҷӯраев нақл карданд.

Суратгузориш аз рафти конференсия:

2.JPG - 57.47 Kb 1.JPG - 89.18 Kb 3.JPG - 72.71 Kb 4.JPG - 74.98 Kb

5.JPG - 73.11 Kb 6.JPG - 61.17 Kb 7.JPG - 89.70 Kb 8.JPG - 60.57 Kb

9.JPG - 93.98 Kb 10.JPG - 57.88 Kb 11.JPG - 57.12 Kb 12.JPG - 59.40 Kb

13.JPG - 84.97 Kb 14.JPG - 59.42 Kb 15.JPG - 58.57 Kb 16.JPG - 58.98 Kb

17.JPG - 60.06 Kb 18.JPG - 71.85 Kb 19.JPG - 62.74 Kb 20.JPG - 58.85 Kb

21.JPG - 61.67 Kb 22.JPG - 60.38 Kb 23.JPG - 59.02 Kb 24.JPG - 97.72 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj