• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, ТАРҶУМАШИНОСӢ,

АДАБИЁТШИНОСӢ ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МАКТАБИ ОЛӢ


1.JPG - 97.80 Kb10-11 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети забони англисӣ  ба ифтихори 90- солагии Донишгоҳ ва 25 – солагии кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони  “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ, адабиётшиносӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар мактаби олӣ” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хушомадед гуфт. Мавсуф доир ба мавзуи “Нақши факултети забони англисӣ дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ” суханронӣ намуда, ҷойгоҳи ин факултаро дар пешрафт ва инкишофи Донишгоҳ назаррас ҳисобид. Сипас, забоншиносону адабиётшиносон – Ҷамшедов П., Мирзоев Ҳ., Авғонов С., Ҷоматов С., Саидова Л. ва Утаев М. дар мавзуъҳои мухталифи соҳаи тарҷумонӣ, адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ маъруза намуданд. Конференсияр аз ду бахш иборат буда, дар бахшҳо идома ёфт.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти конференсия:

1.JPG - 97.80 Kb 2.JPG - 86.03 Kb 3.JPG - 74.78 Kb

4.JPG - 82.09 Kb 5.JPG - 79.86 Kb 6.JPG - 77.62 Kb

7.JPG - 86.68 Kb 8.JPG - 84.16 Kb 9.JPG - 101.72 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj