• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ

10.JPG - 103.88 Kb

18 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети таърих ба ифтихори 90-солагии таъсисёбии факултети мазкур конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нахустин маркази илму таълими таърих дар ҷумҳурӣ” баргузор гардид. Дар ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур бостоншиносону таърихнигорон ва олимону донишмандони кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ суханронӣ намуда, зикр дошт, ки факултети таърих зербинои асосии аввалин донишгоҳи олии Тоҷикистон буда, дар муддати 90 соли фаъолияти худ як зумра олимону донишмандони варзидаро ба камол расонидааст. Сипас, декани факултети таърих профессор Аҳмадҷон Ҳусайнов дар мавзуи “Аз таърихи ташаккулёбии сохтори факултети таърихи ДДОТ ба номи С.Айнӣ” баромади ҷолиб намуд. Дар идомаи чорабинӣ узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло Убайдудулло, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол, доктори илмҳои таърих, профессори ДСРТ Маҳмуд Маликов ва дигарон  бо маърузаҳои пурмўҳтаво баромад намуданд. Сипас, як зумра омӯзгорони факултети таърих, ки дар рушду нумуи ин даргоҳи илму таълим хизмати шоиста анҷом додаанд, бо “Ифтихорнома”-и Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд. Баъдан кори бахшҳои конференсия дар факултети таърихи донишгоҳ идома ёфт.

Суратгузориш аз рафти конференсия:

1.JPG - 89.56 Kb 2.JPG - 83.73 Kb 3.JPG - 82.34 Kb 4.JPG - 93.37 Kb

5.JPG - 94.59 Kb 6.JPG - 89.09 Kb 7.JPG - 91.32 Kb 8.JPG - 81.57 Kb

9.JPG - 82.27 Kb 10.JPG - 103.88 Kb 11.JPG - 89.70 Kb 12.JPG - 108.83 Kb

13.JPG - 88.16 Kb 14.JPG - 94.90 Kb 15.JPG - 79.77 Kb 16.JPG - 92.57 Kb

17.JPG - 94.75 Kb 18.JPG - 76.17 Kb 19.JPG - 83.69 Kb 20.JPG - 103.55 Kb 21.JPG - 97.12 Kb 22.JPG - 97.60 Kb 23.JPG - 90.34 Kb 24.JPG - 87.21 Kb

25.JPG - 83.30 Kb 26.JPG - 90.80 Kb 27.JPG - 101.88 Kb 28.JPG - 94.65 Kb

29.JPG - 93.87 Kb 30.JPG - 102.49 Kb 31.JPG - 91.49 Kb 32.JPG - 87.12 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj