• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС

6.JPG - 72.96 Kb18 декабри соли 2021 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқдлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90–солагии таъсисёбии Донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. Сипас, декани факултети забон ва адабиёти рус, дотсент Абреза Ниятбекова суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабиниро ба ин даргоҳи илму таълими кишвар хушомадед гуфт. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур саромадону дастпарварони факултет иштирок намуда, аз дафтари хотироти хеш барои омӯзгорону донишҷӯён сухан гуфтанд. Аз ҷумла, собиқ деканҳои факултет профессорон Абдуҳамид Нозимов ва Холмаҳмад Холов аз хотираҳои фаъолияти хеш сухан намуданд. Дар идомаи маҳфил аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён барномаи зебои фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷом китоби тозанашр аз таърихи факултети забон ва адабиёти рус  бо номи “Паямть сердца «О сеятелях  разумного, доброго, вечного»  тақдими меҳмонон  гардид.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

1.JPG - 105.23 Kb 2.JPG - 84.79 Kb 3.JPG - 93.32 Kb 4.JPG - 92.09 Kb

5.JPG - 90.59 Kb 6.JPG - 72.96 Kb 7.JPG - 81.96 Kb 8.JPG - 84.85 Kb

9.JPG - 88.08 Kb 10.JPG - 89.74 Kb 11.JPG - 90.38 Kb 12.JPG - 74.60 Kb

13.JPG - 87.05 Kb 14.JPG - 92.93 Kb 15.JPG - 87.13 Kb 16.JPG - 89.16 Kb

17.JPG - 89.06 Kb 18.JPG - 88.96 Kb 19.JPG - 88.40 Kb 20.JPG - 89.64 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj