• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС - МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН, ОМӮЗГОРОН ВА ҶОМЕА

15 феврали соли 2022 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус мизи мудаввар оид ба масъулияти волидайн, омӯзгорон ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас баргузор гардид. Дар чорабинӣ нозири ШОПҲНҶ ШВКД дар  ноҳияи И.Сомонӣ подполковники милитсия Ҳайдарзода М., мудири шуъбаи тарбия Муродов А., садорати факултет ва донишҷўёну волидони онҳо ширкат варзиданд.

Декани факултет А.Ниятбекова  мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, оид ба татбиқ ва иҷрои ҚҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маърӯза кард. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Сафарова М. ва ассистентҳои ҳамин кафедра Нигораи С., Пулатова Н., Нажмиддинова Ф. ва Маркарян М. бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.  Подполковники милитсия Ҳайдарзода М. ба падару модарон ва донишҷӯён оид ба қонунвайронкуниҳо ва оқибатҳои он иттилоъ дода, ҳамзамон тавсия намуд, ки донишҷўён ва волидайни онҳо бо моҳияти  ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” шинос шуда, иҷрои талаботи онро таъмин намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангӣ баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш карда шуд.

Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj