• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ПРОБЛЕМАҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ СИКЛИ ПСИХОЛОГИЮ ПЕДАГОГӢ

18 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраҳои умумидонишгоҳии психология ва методикаи таълими математика конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои муосири назария ва амалияи таълими фанҳои сикли психологию педагогӣ дар тайёрии касбии омӯзгорони оянда”, ки ба фаъолияти илмию педагогии шодравон Саидов Муҳиддин Вайсиддинович бахшида шудааст, баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр кард, ки нақши марҳум Муҳиддин Саидов дар омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ басо назаррас буда, марҳум дар тӯли фаъолияти илмию амалии худ зиёда аз 13 номзади илмро тайёр кардааст ва номгӯи маҳсули илмии ӯ зиёда аз 120 мақолаву монография, китоби дарсиву дастури таълимӣ-методиро ташкил медиҳад. Сипас мудири кафедраи умумидонишгоҳии психология Моҳрухсор Акрамова доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Муҳиддин Саидов маърӯза кард. Баъдан д.и.п, профессор Мансур Нуъмонов перомуни робитаи методикаи таълими математика бо психология сухан ронд.

Суратгузориш аз рафти конференсия:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj