• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ ҶАСОРАТУ МАРДОНАГӢ

21 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони “Авангард” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони  “Артиши миллӣ – мактаби ҷасорату мардонагӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини аввали сардори РОПҲНҶ ВКД ҶТ полковники милитсия А. Мирзозода, муовини аввали сардори ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ подполковники милитсия Р. Авзалзода, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Қодиров, аъзоёни фаъоли гурӯҳ, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок варзиданд. Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мусоҷонзода баромад намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Сипас, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” Ф. Қодиров баромад намуд. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор иштирокчиён ифтихорнома ва сипоснома тақдим карда шуд.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj