• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

22 феврали соли 2022 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар мудири кафедра дотсент Абдулло Кулобиев, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон  Сайдалӣ Муҳиддинов, сармутахассис раёсати илм ва инновватсия Шамсиддин Оев ва омӯзгорони кафедра иштирок карданд. Сароғоз мудири кафедра мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Сипас профессор Сайдалӣ Муҳиддинов баромад карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Айни замон он  ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ мубаддал гаштааст. Муаллими калони кафедра Зариф Ғуломҷонов доир ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи ҷолибе ироа кард.

Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj