• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ПАРВОЗИ АВВАЛИН БА КАЙҲОН-ЗАМИНАИ РУШДИ КАЙҲОНАВАРДӢ ДАР ҶАҲОН

12-уми апрели  соли 2022 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин айнӣ мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи кайҳонавардон» таҳти унвони «Парвози аввалин ба кайҳон-заминаи рушди кайҳонавардӣ дар ҷаҳон» баргузор гардид.  Нахуст декани факултет Наҷмиддинов А, сухан гуфта, зикр кард, ки ҳамасола 12-уми апрел дар саросари  ҷаҳон ҳамчун рӯзи нахустин парвози инсон ба кайҳон таҷлил карда мешавад.

Сипас, муаллими калони кафедраи физикаи назариявӣ Нозимов О., мудири кафедраи физикаи умуми Сияҳаков С., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Ниёзов С., муаллими калони кафедраи методикаи таълими физика Сафаралӣ А. ва донишҷӯён Расулов Б., Ҳалимова Ш., Гуреззода Ш., ва Саъдуллозода А. оид ба масоили гуногуни марбут ба кайҳону кайҳонавардӣ суханронӣ намуданд.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj