• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ВА МАСЪАЛАНОКИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

13 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии педагогика бахшида ба ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Сифати таҳсилот ва масъаланокии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ илмӣ Акобир Мирзораҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас мушовири директори агентии назорат дар соҳаи маорифи ва илм Латофат Назирӣ  доир ба роҳҳои ташкил ва гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ Табаралӣ Ғаниев оид ба модели системавии таълимоти бефосила, професссори кафедраи пелагогика оид ба проблемаҳои сифати таҳсилот, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Шарифмурод Исрофилниё оид ба мушкилоти таълими адабиёт ва мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ Зарина Норова оид ба аҳамияти сифати таҳсилот маърӯза карданд.

Маврид ба зикр аст, ки кори конференсия дар бахшҳо давом ёфта, 14-уми апрел хотима меёбад.

Суратгузориш аз ҷараёни конференсия:

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj