• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶЎЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

13-14 майи соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз рўйи самтҳои математика (тахассусӣ, ғайритахассусӣ), технологияи иттилоотӣ (тахассусӣ, ғайритахассусӣ) ва географияи иќтисодӣ бо асосҳои демографии он баргузор гардид. Дар ин озмун панҷ нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ иштирок карданд. Дар натиҷа ду нафар донишҷӯ соҳиби ҷойҳои фахрӣ гаштанд. Аз рӯи номинатсияи географияи иќтисодӣ бо асосҳои демографии он Садриддинов Озодбахт ҷойи дуюмро ва аз рўи номинатсияи математика Кураматов Сарвар ҷойи сеюмро ишғол карданд. Ғолибон бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj