• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОНИ ХОРИҶӢ БА ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода созишномаи ҳамкориро миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин ба имзо расонид. Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Халқии Чин таҳия ва тасвиб шуда, ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи бакалавриати Донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ ба тариқи фосилавӣ ва онлайнӣ дар назар дорад. Раёсати Донишгоҳ дар ояндаи наздик ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таълим таҳсили фосилавии довталабони чиниро ҳамчунин дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (Phd) низ амалӣ хоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки довталабони хориҷӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, айни ҳол аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 3960 нафар, аз Ҷумҳурии Туркманистон 561 нафар, аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 6 нафар, аз Ҷумҳурии Қазоқистон 10 нафар, аз Ҷумҳурии Қирғизистон 1 нафар, дар маҷмӯъ 4538 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар Донишгоҳ таҳсил менамоянд. Донишгоҳ бо чунин нишондод дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар мақоми аввал қарор дорад.
Бояд гуфт, ки довталабони хориҷӣ бештар ба ихтисосҳои омӯзгории равияи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, аз ҷумла ба ихтисосҳои химия, биология, математика ва физика таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj