There are no translations available. Паёми Президентро ташреҳ мебахшанд Таври маълум 23-юми январи соли равон дар бинои Кохи Сомон Паёми имсолаи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа гардид, ки дар он фаъолияти яксолаи мамлакат натиҷагирӣ гардида, нақшаву чорабиниҳо барои соли оянда тарҳрезӣ шуданд. Вобаста ба ин, тамоми вазорату идораҳои давлатӣ муваззафанд, ки ҳар нуктаи Паёмро бо ташкили суҳбату мулоқотҳо ба мардуми кишвар тавзеҳ бахшанд. Дар ин росто раёсати донишгоҳ низ нақшаи вижае тартиб додааст, ки тибқи он шурӯъ аз 3-юм то 17-уми феврал омӯзгорони кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва дигар устодон ҳамарӯза бо кулли донишҷӯёни факултаҳо дар алоҳидагӣ вохӯрӣ мегузаронанд. То ин рӯз бо муҳассилини факултаҳои география, педагогика ва математика ҳамоиш баргузор гардида, пиромуни Паём андешаҳои судманд ироа шуданд. Дар ҷамъомаде, ки 5-уми феврал мо ширкат варзидем, декани факултаи математика С.Латифов, мудири кафедраи психология М.Саидов ва мудири кафедраи ҳуқуқ Ф.Давлатов то ҳадди имкон кӯшиданд, ки ҳар нуктаи Паёмро ба таври барои донишҷӯён фаҳмо ташреҳ бахшанд. Парвизҷони ҲУСЕЙН, Саидбек ГАДОЕВ донишҷӯён ФАРМОНИ Дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила» Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ, фармон медиҳам: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Тасдиқи ангораи Наврӯз аз ҷониби ПрезидентЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми феврал ангораи ҷашни Наврӯзиро тасдиқ кардааст, ки минбаъд ҳамчун рамзи ин ҷашн кор бурда мешавад. |