• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Паёми Президентро ташреҳ мебахшанд

Таври маълум 23-юми январи соли равон дар бинои Кохи Сомон Паёми имсолаи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа гардид, ки дар он фаъолияти яксолаи мамлакат натиҷагирӣ гардида, нақшаву чорабиниҳо барои соли оянда тарҳрезӣ шуданд. Вобаста ба ин, тамоми вазорату идораҳои давлатӣ муваззафанд, ки ҳар нуктаи Паёмро бо ташкили суҳбату мулоқотҳо ба мардуми кишвар тавзеҳ бахшанд. Дар ин росто раёсати донишгоҳ низ нақшаи вижае тартиб додааст, ки тибқи он шурӯъ аз 3-юм то 17-уми феврал омӯзгорони кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва дигар устодон ҳамарӯза бо кулли донишҷӯёни факултаҳо дар алоҳидагӣ вохӯрӣ мегузаронанд. То ин рӯз бо муҳассилини факултаҳои география, педагогика ва математика ҳамоиш баргузор гардида, пиромуни Паём андешаҳои судманд ироа шуданд.

Дар ҷамъомаде, ки 5-уми феврал мо ширкат варзидем, декани факултаи математика С.Латифов, мудири кафедраи психология М.Саидов ва мудири кафедраи ҳуқуқ Ф.Давлатов то ҳадди имкон кӯшиданд, ки ҳар нуктаи Паёмро ба таври барои донишҷӯён фаҳмо ташреҳ бахшанд.

Парвизҷони ҲУСЕЙН, Саидбек ГАДОЕВ донишҷӯён

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ, фармон медиҳам:
1. Соли 2015 «Соли оила» эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ ҷиҳати татбиқи Фармони мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 феврали соли 2015
№352


Тасдиқи ангораи Наврӯз аз ҷониби Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми феврал ангораи ҷашни Наврӯзиро тасдиқ кардааст, ки минбаъд ҳамчун рамзи ин ҷашн кор бурда мешавад. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад: “Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст.”

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми форсу тоҷик буда, ахиран аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Феълан "Наврӯз" дар аксари кишварҳои мусалмоннишин ба таври густурда таҷлил мегардад.

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj