• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ ҶАШНҲОИ МУҚАДДАС

Бо ибтикори  факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни дар таърихи 16-уми ноябри соли 2022 таҳти унвони  “16 – УМИ НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”  бо иштироки садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва як зумра устодону донишҷӯён  маҳфили илмӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро декани факултет Мирзораҳимов А. ифтитоҳ намуда, омузгорон ва донишҷӯёнро бахшида  ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ табрик намуда,  қайд намуд, ки Иҷлосияи тақдирсоз, ки 30 сол қабл дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, рӯйдоди бузурги таърихие мебошад, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи сифатан навро бунёд гузошт. Ин иҷлосия барои миллати тоҷик абармардеро эҳдо намуд, ки чархи таърихро ба сӯйи сулҳу ваҳдат ва ободкориҳои беназир бозгардонд.Сипас аз тарафи омузгорон ва донишҷӯён доир ба мавзуъҳои мадди назар маърузаҳо ироа гардиданд

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj