• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ФАКУЛТЕТ

Дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шурои кураторон Н. Сатторов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Д. Каримов, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Д. Раҷабов, мудири шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа Ш. Алланазаров, раиси шурои занон М. Давлатзода, садорати факултет ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро декани факултет А. Қаландаров ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти Иҷлосияи 16-ум дар бунёди давлати навини тоҷикон изҳори андеша намуд. Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Д. Каримов баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон шахсиятест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофи худ мутаҳҳид ва ба қалби мардум шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён барномаи дилниши фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj