• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ АВВАЛИ  КУРС – ТРЕНИНГ

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ва ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” барои омӯзгорони фанни забони англисӣ дар се давра курс-тренинг ба нақша гирифта шудааст, ки баргузории даври аввали он  аз 14-ум то 16 – уми ноябри соли 2022 пешбинӣ гардида буд, ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбасти даври якуми курс-тренинг муовини ректори донишгоҳ  оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М., директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н. ва  менеҷери барнома Мирзовафоева Г. иштирок намуда, ба иштирокчиёне, ки талаботи нақшаи пешбинишударо пурра аз худ намудаанд, шаҳодатномаи хатми курс  тақдим карданд. Маврид ба зикр аст, ки даври дуюми курс-тренинги мазкур  дар  таърихи  21-уми ноябр шуруъ шуда,  то 25 – уми ноябр идома хоҳад ёфт.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj