• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАРСИ КУШОД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМ

Бо ибтикори муаллими калони кафедраи физикаи эксперименталии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Алишери З. дар таърихи 18-уми ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид. Дар дарси мазкур раиси Шурои кураторони Донишгоҳ Сатторов Н., декани факултет Назруллоев А., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Ниёзов С., мудири кафедраи физикаи эксперименталӣ Муҳаббатов Х. ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Донишҷӯён доир ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки парчам аз ҷумлаи рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешавад. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар зимни ин дарс аз тарафи донишҷӯён манзумаҳо дар бораи Парчам қироат карда шуд.
Дар фарҷом декани факултет ин иқдомро ситоиш намуда, зикр намуд, ки баргузор намудани чунин дарсҳо ба ҷаҳонбинии донишҷӯён таъироти мусбии бештар дорад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj