• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: ОЛИМПИАДАҲОИ ДОХИЛИДОНИШГОҲӢ ОМИЛИ ДАРЁФТИ ДОНИШҶӮЁНИ БОЛАЁҚАТ

Бо мақсади рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзиву азбар намудани донишҳои замонавӣ ректори Донишгоҳ тасмим гирифт, ки олимпиадаи фаннии дохилидонишгоҳиро дар миёни донишҷӯёни 14 факултети Донишгоҳ баргузор намояд.

Олимпиадаи дохилидонишгоҳии мазкур аз рӯи 14 фан, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар факултетҳои Донишгоҳ баргузор шуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ректори Донишгоҳ мақсад аз баргузор намудани олимпиадаи фаннии дохилидонишгоҳиро дарёфти донишҷӯёни болаёқат ва пурзӯр намудани дастаи олимпии донишгоҳӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои на танҳо сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj