• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН

Бо дастури Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон ҳамроҳ бо Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён имрӯз дар заминаи Рӯзи байналмилалии донишҷӯён (International Students’ Day) ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш. донишҷӯёнро аз номи Раёсати донишгоҳ, хоссатан ректори он, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода табрик намуда, сипас дар боби таърихи ин ҷашн чанд ҳарф ироа намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои барои кишвар зарур дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил менамоянд. Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома дода истодааст. Ҳамин аст, ки ҷавонони мамлакат на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам таҳсили илм менамоянд.
Ҳамзамон дар раванди ҷамъомади мазкур як гурӯҳ донишҷӯён, ки дар озмунҳои донишгоҳӣ иштирок намуда, ба комёбиҳо ноил шудаанд, бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардиданд. Дар ҳамин маврид аъзоёни гурӯҳи ҳунарии "Чеҳранамо"-и донишгоҳ низ ба хотири иштироки фаъолона дар чорабиниву маҳфилҳо бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад аъзоёни гурӯҳи ҳунарии "Чеҳранамо” бо барномаи рангини мусиқиву бадеӣ табъи ҳозиринро хуш намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj