• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори садорати факултети физика бахшида ба амалигардонии барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Проблемаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-математикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаву олии касбӣ” Дар таърихи 19-уми ноябри соли 2022 баргузор  гардид. Ҳамоиши илмии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ карда, аз номи ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки солҳои 2020 - 2040 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам тақвият намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст. Дар Донишгоҳ бо мақсади амалигардонии барномаи болозикр нақшаи чорабиниҳо  татбиқ шудааст, ки аз 30 банд иборат буда, ташкил ва баргузории конференсиҳо аз ҷумлаи онҳо мебошад. Сипас, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор М. Нугмонов, декани факултети физика, дотсент А. Назруллоев,  мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи масолеҳи донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Д. Қодирова, мушовири директори литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  Турақул Ҷумъаев ва дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи донишгоҳ  С. Умаров перомуни масоили гуногуни татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим маърӯза ироа карданд.

Конференсия минбаъд кори худро дар  бахшҳо  давом намуд, ки  дар онҳо зиёда аз 150 маърӯза шунида ва баррасӣ шуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj