• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ИРОАИ ҲИСОБОТ ОИДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ИЛМӢ

Дар таърихи 29-уми ноябри соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирон ва устодони кафедраҳо ширкат намуданд. Муовини декан оид ба корҳои илмӣ Ҷурақулов Б. ҳисоботи солонаи бахши илми факултетро ироа намуда, оиди дастовардҳои илмии устодону донишҷӯёни факултет маълумоти муфассал пешниҳод кард. Сипас, ҳисобот аз тарафи ҳайати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷом аз тарафи муовини ректор оид борҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш. барои вусъат додани корҳои илмӣ ва омоданамоии кадрҳои илмӣ-педагогӣ маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд. Дар умум ҳисоботи факултет қаноатбахш ҳисобида шуда, таъкид гардид, ки ҷиҳати бартараф кардани нуқсону камбудиҳо ба раёсати донишгоҳ маълумотнома пешниҳод карда шавад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj