• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ДОНИШГОҲ ТАБОДУЛИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНРО БО ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶИ КИШВАР БА РОҲ МЕМОНАД

Возможно, это изображение 4 человека15-уми апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот бо намояндагони донишгоҳҳои Пекин, Баптистии Ҳонгконг ва Коллеҷи Байналмилалии Муттаҳид (UIC) – и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Зимни ташриф намояндагонро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Рухшона Қурбонзода ва чанде аз кормандони донишгоҳ истиқбол намуда, мулоқоти судманд анҷом доданд.

Зимнан дар доираи ташриф ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкориҳои судмандро бо донишгоҳҳои Пекин, Баптистии Ҳонгконг ва инчунин Коллеҷи Байналмилалии Муттаҳид (UIC) – и Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати идомаи таҳсил дар бахшҳои магистратура ва таҷрибаомӯзӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон изҳори назар намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами ҳамкорӣ дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ, тарибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ, табодули таълим ва бозомӯзӣ аз ҳисоби таълимгирандагони Литсейи назди донишгоҳ ва дигар ҳамкориҳои судманд таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва донишгоҳҳои Пекин, Баптистии Ҳонгконг ва инчунин Коллеҷи Байналмилалии Муттаҳид (UIC) – и Ҷумҳурии Мардумии Чин табодули афкор намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj