• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИБОДУЛЛОЗОДА: СОДИҚОНА ХИДМАТ НАМУДАНРО БОЯД АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОМУХТ!
18-уми апрели соли 2023 бори нахуст бо ибткори Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 25 нафар донишҷӯён ихтиёран хидмати ҳарбиро интихоб намуданд, ки Раёсати донишгоҳ наваскаронро дар саҳни бинои асосӣ истиқбол намуда, дар шароити тантанавӣ ба хидмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
Дар маросими истиқболи наваскарон Аҳлиддин Ибодуллозода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист ва ҳамагии мо бояд содиқона ба Ватан хидмат намуданро аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат омӯзему дар ин замина ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода намоем. Ҳамзамон Аҳлиддин Ибодуллозода дар ҳузури донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ ва падару модарони наваскарон ба 8 нафар хатмкунандагон, ки пеш аз муҳлат имтиҳонҳои давлатиро супорида буданд, дипломҳояшонро ва ба 17 нафар донишҷӯёне, ки тибқи буҷавӣ таҳсил менамуданд, стипендияҳояшонро яклухт тақдим намуда, ҳамзамон ёдовар шуд, ки пас аз адои хидмати ҳарбӣ донишҷӯёни мазкур метавонанд дар риштаи магистратура тариқи ройгон таҳсил намоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj