• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ХУШХАБАР: САФИ УНВОНДОРОНИ ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД!
Бо дастгириҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки муҳаққиқону омӯзгорон рисолаҳои худро муваффақона дифоъ намуда буданд, якбора рисолаи 4 нафари онҳо бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, аз 05.03.2024, №35, 36, 37 тасдиқ гардид.
Аз ҷумла: Максумова Шаҳноза Уктамовна, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои география;
Имамбердиева Саломат Менгликуловна, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ;
Турсунова Мунаввара Аъзамовна, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ;
Иброимова Гуландом Наимовна, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ дониста шуданд.
Раёсати Донишгоҳӣ нафарони болозикрро барои тасдиқи рисолаҳои номзадӣ ва сазовор гардидан ба дараҷаи номзади илм табрику таҳният намуда, барояшон фатҳи баланди қуллаҳои илмиро таманно менамояд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj