• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

Ба ифтихори рӯзи мавлуди
устод Садриддин Айнӣ

ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД

Имрӯз ба ифтихори зодрӯзи Асосгузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар сари турбати шоир воқеъ дар боғи ба номи Садриддин Айнии пойтахт маҳфили адаби ороста, бо арҷгузорӣ ба хотири неки ин фарзонафарзанди миллат бар пояи тандиси шоир гулчамбар гузоштанд.

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ва декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Абдумаҷид Қурбонов аз хидматҳои мондагори устод Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти навтини тоҷик ёдовар шуда, донишҷӯён аз

осори гаронмояи шоир  ва нависандаи забардаст пораҳо қироат намуданд.

 

Бояд гуфт, ки устоди муаззам АЙНӢ Садриддин Саидмуродзода (15. 04. 1878, д. Соктареи тумани Ғиждувони вилояти Бухоро-15. 07. 1954 шаҳри Душанбе), шоир, нависанда, рӯзноманигор, адиби маорифпарвар, донишманди соҳаи забон ва адабиёти форсу тоҷик, таърих ва фарҳанги миллати тоҷик, узви Академияи улуми Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи улуми Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (1951-1954), бунёдгузори адабиёти шуравии (навини, муосири) тоҷик, яке аз сардафтарони адабиёти шуравии узбек, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии шуравӣ сотсиалистии Тоҷикистон (1940) ва Ҷумҳурии шуравӣ сотсиалистии Узбекистон (1949) узви фахрии Академияи улуми Ҷумҳурии шуравӣ сотсиалистии Узбекиситон (1943), доктори улуми филологӣ (1948), профессор (1949), академики Академияи улуми Ҷумҳурии шуравӣ сотсиалистии Тоҷикистон (1951) мебошад.  Падараш Саийдмуродхоҷа ибни Сайидумархоҷа шахсе босаводе буд, ки чанд соле дар мадориси Бухоро таҳсил карда, аммо ба сабаби вазъи номусоиди хонаводагӣ таҳсилро қатъ намуда, ба деҳа баргашта буд. Сайидмуродхоҷа илова ба шуғли кишоварзӣ барои таъмини оила бофандагӣ ва чархиосиётарошӣ низ шуғл меварзид. Модари Айнӣ Зеварой ном дошта, аз деҳқонзодагони деҳаи Маҳаллаи Боло буд.

Пажуҳишгарон зиндагӣ ва фаъолияти адабию илмии Айниро ба ду давра тақсим мекунанд: даврони амирӣ (аз соли 1878 то 1920) ва замони шуравӣ (солҳои 1920 то 1954). Ин ду давра низ вобаста ба ташаккулу таҳаввули андешаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва адабии ӯ дорои мароҳили хосанд. Марҳалаи нахуст: дарони туфулият ва наврасӣ. Садриддин шашсала буд, ки падараш ӯро ба мактаби назди масҷиди деҳа мебарад, аммо тарзи дарсгӯйӣ ва муомилаи мактабдор дили ӯро аз мактаб сард мекунад. Падараш бо далоили шаръӣ арбобони деҳаро розӣ мекунад, ки Садриддини хурдсол ҳамроҳи духтарҳо дар мактаби духтарона назди бибихалифаи босавод сабақ омӯзад. Дар ин мактаб илова бар «Ҳафтяк» ва «Чаҳоркитоб» бо ашъори Саъдию Ҳофиз ошно мешавад ва бо падараш дар хона ашъори Соиб ва аз шоирони замон Исо Махдум ва Садри Сарирро мехонад. Бино ба таъкиди адиб, меҳри шеъру адабиётро нахуст падараш дар дили ӯ ҷой кард. Ҳидояти падар ва афсонаву ривоёти Тутипошшо (зани амаки падараш) дар камолоти маънавӣ ва завқит зебопарастию тахайюлоти бадеии Айнӣ нақша босазо гузаштаанд, ки адиб дар «Ёддоштҳо» аз онҳо бомуҳаббат ёд мекунад ва дар асарҳои бадеияш симои онҳоро мавриди тасвир қарор додаст.

Оғози фаъолияти эҷодии Айнӣ ба солҳои 1983-84 рост меояд, ки бо тахаллусҳои «Сифлӣ», «Мӯҳтоҷӣ» ва «Ҷунунӣ» шеър гуфта, аммо худ ашъори бо ин тахаллусҳо сурудаашро нобуд карда ва аз ин тахаллусҳо низ даст кашадааст. Аз он ашъор танҳо як ғазал ва як мухаммас ба ғазали Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ (аз шуарои охири асри ХУ111 ва ибтидои қарни Х1Х Мовароуннаҳр, ки бо супориши амир Абдулаҳади манғит кушта шудааст) бо тахаллуси «Сифлӣ» сурудаи ӯ боқӣ мондааст:

Нест хубонро вафое ҳеч дар бозори даҳр,

Сифлии бечораам, сар то ба по кардам ғалат.

Шуруъ аз соли 1896 бо тахаллуси «Айнӣ» шеър гуфта ва нахустин шеъраш «Гули сурх» мебошад, ки ба сабаби бепулӣ аз сайри гули сурх маҳрум шуданаш тасвир шудааст:

Рози дил мегуфтам ар як маҳраме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам…

Марҳалаи тозаи зиндагӣ ва фаъолияти адабию сиёсии пешазшуравии Айнӣ дар ибтидои қарни ХХ – замони инқилоби солҳои 1905-1907 дар Русия ва Инқилоби Машрутахоҳӣ дар Эрон (соли 1905) оғоз ёфтааст. Айнӣ соли 1906 мадрасаро хатм мекунад ва ба наҳзати таҷаддудхоҳии маорифпарварӣ (ҷадидия) мепайвандад. Мутолиаи рӯзномаву маҷаллоти хориҷӣ, ки ба забонҳои форсию тоторӣ ва русӣ дар Ҳиндустону Миср ва Русия нашр шуда, пинҳонӣ ба Бухоро меоварданд, назари Айниро ба кору бори ҷаҳон, хосса сохтори давлатдории Аморати Бухоро дигар карда буд. Вай сабаби қашшоқӣ ва бадбахтии мардуми Бухороро дар бесаводию ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ медонад. Айнӣ ва дигар маорифпарварон роҳи наҷотро дар босавод кардани мардум, ислоҳи мактабу мадрасаҳо ва урфу одатҳои шахшуда, ислоҳот дар умури давлатдорӣ ва ба низом даровардани музди хидмату боҷҳои подшоҳӣ, барҳам задании худсарию тороҷгарии маъмурони давлатӣ медиданд. Наҳзати ҷадидия ва ҷараёни маорифпарварӣ аслан бар иттиҳодия ислом асос ёфта буд. Айнӣ низ ба ҳайси як ҷадиди ислоҳотхоҳ ба ифтитоҳи мактаби усули ҷадид ва навиштани васоити таълимӣ барои ин мактаб иқдом намуд. Бо ҳамкории дӯсташ Абдулвоҳиди Мунзим соли 1908 дар ҳавлии ӯ нахустин мактаби усули ҷадидро барои бачагони тоҷик дар Бухоро таъсис медиҳад ва барои ин мактаб дастуру китобҳои дарсии «Тартил-ул-Қуръон» (1908), «Таҳзиб-ус-сибён» (1909) ва «Заруриёти диния» (1913) менависад. Қабл аз таъсиси мактаби усули ҷадид барои таҷрибаомӯзӣ ба Самарқанд, ки зери тобеи Русия подшоҳӣ буд, сафар намуда, бо мактаби ҷадиди Абдулқодири Шакурӣ ошно мешавад. Соли 1907 дар мактаби тарзи ҷадиди тоторӣ, ки дар Бухоро таъсис шуда буд, ба кор даромада, шаш моҳ маҷҷонӣ тарҷумонӣ мекунад ва таҷриба меандӯзад. Ин таҷрибаомӯзӣ ҳангоми навиштани кутуби дарсӣ ва васоити таълимӣ ба кор омаданд. «Таҳзиб-ус-сибён» ба сифати як китоби таълимӣ хусусияти адабӣ дошта, хеле шавқовар ва дорои маводи динӣ ҳам буд. (Куллиёт., ҷ., 1, саҳ., 60). Қобили зикр аст, ки Айнӣ баъдтар соли 1917 ин китобро такмилу тасҳеҳ намуда, дубора нашр намуд. Қисми аввали он перомуни мактабу маориф, донишу хирад, донистани ҳаққи волидайн ва устод, дӯстию рафиқии бачаҳо, саъй талош барои ба даст овардани илм, олиҳимматию накӯкорӣ ва амсоли инҳо баҳс мекунад. Қисмати дигар, ки «Хонадони хушбахт» унвон дорад, сухан дар бораи оилаи Муҳаммадюсуф ном кишоварзи босовод аст. Ҳикоятҳои хурди панду андарзии бо порчаҳои шеърӣ зиннатёфта, суолу ҷавоб ва тарзи мукотибаи дӯстон китобро хеле шавқовару хондадбоб намудааст. Забони китоб салису равон буда, барои бачагон фаҳмову таъсирбахш аст. Ин китобро метавон нахустин иқдоми Айнӣ дар роҳи умумимиллӣ гардонидани забони насри бадеӣ номид. Дар ин асар маромномаи адиб- хидмат ба халқу Ватан бармалост.

Давлатдорони Бухоро дар шахсияти Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии халқии шуравии Бухоро Файзуллоҳ Хочаев, ки сармоядори бузург ва бо Русия иртибот дошт, сарвари ҷумҳурӣ интихоб мешавад ва мехоҳад Айниро сафир дар Эрон таъин кунад, аммо ӯ қабул намекунад ва пешниҳод менамояд, ки «дар Бухоро Анҷумани таърихию адабӣ (Академия)» (АсозодаХ. Таърихи адабиёти тоҷик, саҳ., 205) ташкил карда шавад. Ин таклиф қабул мешавад ва Айнӣ сарвари ин Анҷумани адабӣ таъин мегардад. Аммо хамсафони Айнӣ бо роҳбарии Файзуллоҳ Хоҷаев ба миллати тоҷик хиёнат мекунанду забони расмии Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухороро, ки то инқилоб гарчанде амиронаш манғит буданд, аммо забони расмиашон форсӣ буд, турки чиғатойӣ (узбакӣ) эълон мекунанд. Махсусан, ҳине нозири маорифи ҷумҳурӣ, дӯсти наздики Айнӣ Юлдош Пӯлод ба ӯ мегӯяд, ки «дигар дар Бухоро ба забони форсӣ китоб нашр намешавад», аз «қиблаи умедаш» - Бухоро дасти умед мешӯяд ва аз кӯшишҳои ҷумҳурихохонааш пушаймон мешавад, ба Самарқанд бармегардаду ба кори эҷодӣ ва омӯзгорӣ мепардозад. Новобаста ба ин ҳама хиёнатҳои ҳамсафон Айнӣ аз мубориза даст намекашад ва барои ҳаққи мардуми тоҷик талош мекунад. Дар солҳои бистуми асри ХХ ӯ чандин вазифаро иҷро мекард: ходими адабии маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб», мушовири се мактаби Самарқанд, мудири идораи тиҷоратии Бухоро ва то охири соли 1933 машваратчии илмию адабии Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Соли 1923 узви КИМ-и Бухоро интихоб гардид. Солҳои 1929-1938 узви КИМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Айнӣ соли 1920 ба духтари Домулло Маҳмуди мударрис-Салоҳатбегим хонадор мешавад ва аз он ҷо, ки хонаи шахсӣ надошт, ба хавлии арӯсшавандааш мекӯчад ва то соли 1923 (дар ин сол дар маҳаллаи Қурғончаи Самарқанд ҳавлие мехарад) он ҷо зиндагӣ мекунад.

Айнӣ ба майдони адабиёт ба сифати шоир дохил шуд ва ашъори ӯ чӣ дар даврони амирӣ ва чи дар замони шуравӣ моҳияти маорифпарварӣ доштанд. Ҳанӯз соли 1907 Шарифҷонмахдуми Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» дар мавриди Айнӣ гуфта буд:

Ба мулки сухан Айнии хушбаён,

Чун шамъ аст урёну рӯшанбаён.

Ба назму ба насри сухан довар аст,

Зи насраш вале назми ӯ хуштар аст.

Муборизаи Айнӣ барои ҳуввияти халқи тоҷик ва бунёди Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии мустақил дар ҳайати мамлакати бузурги Шуравӣ душманони миллати тоҷик ва мухолифони ғоявии ӯ –пантуркистонро ба хашм овард ва онҳо барои ҷисман нобуд кардани ӯ иқдом намуданд. Айнӣ бо навиштани нахустин асари бузурги адабиётшиносии шуравии тоҷик «Намунаи адабиёти тоҷик» (Маскав, 1926) бо далоили илмӣ собит намуд, ки тоҷикон қадимтарин халқи бумии Осиё Миёна ва Мовароуннаҳр буда, таъриху фарҳанги бостонӣ, адабиёти ғанӣ ва суннатҳои хос доранд. Даъвои пантуркистон, ки «дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқ нест, инҳо ҳамон узбаконанд, ки бо таъсири эрониён ва мадраса забони худро гум кардаанд», - гӯён ба муқобили ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебаромаданд, Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» ба ҳама мункирони халқи тоҷик ва забону адабиёти вай зарбаи ҳалокатовар расонд ва ба «даҳони онҳо мӯҳри хомушӣ зад». Ин китобро барҳақ «Шиносномаи миллати тоҷик» меноманд. Он бо муқаддимаи устод Абулқосим Лоҳутӣ бо унвони «Садриддин Айнӣ» шуруъ мешавад ва бузургтарин ховаршиносон, аз ҷумла Е. Э. Бертелс, Сайид Нафисӣ, Б. Ғафуров, И. С. Брагинский, Иржи Бечка ва дигарон ба он баҳои сазовор додаанд. Мункирони халқи тоҷик ҳамон понтуркистон даст ба тавтиаву ҳила заданд ва ба роҳбарони Маскав эълом доштанд, ки Айнӣ бо ин китоб амири рондашудаи Бухороро дубора ташвиқ ба бозгашт менамояд. Бо унвони далоил аз ин китоб қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мулиён»- устод Рӯдакиро оварда, дархости махкум ва нобуд кардани ин китоби боарзишро мекунанд. Дархости понтуркистон аз тариқи Акмал Икромов – дабири ҳизбии он замони Кумитаи марказии Узбаскистон ба шахси Бухарин – узви олирутбаи сиёсии Шуравӣ ва дабири аввали рӯзномаи бонуфузи Шуравӣ «Правда» (Ҳақиқат) дода мешавад. Ва ин шахс дар ҷаласаи Анҷумани ҷавонони Иттиҳоди Шуравӣ ин пешниҳоди разилонаро эълом дошт ва дархост намуд, ки ин китоби пурарзиши эҳёи тоҷикон фаврӣ ҷамъоварӣ, манъ ва аз байн бурда шавад. (Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Шиносномаи миллати тоҷик, дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик, 2010, саҳ. 19). «Намунаи адабиёти тоҷик» нобуд карда шуд. Иттифоқан, дар Анҷумани нависандагони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (1934) Айнӣ бо Бухарин вомехӯрад, тавассути шогирдони русидонаш ба ӯ мефаҳмонад, ки дар мавриди китоби ӯ ба иштибоҳи бузург роҳ додаст. Чун Бухарин аз асли воқеа огоҳ мегардад, изҳори пушаймонӣ мекунад ва пешниҳорд менамояд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» бояд дубора ба табъ расад. Илова бар ин, Лоҳутӣ дар ин анҷуман дар дифоъ аз китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ба тафсил суҳбат намуда, ки дар суратмаҷлиси он дарҷ шудааст (Барои адабиёти сотсиалистӣ, шумораи 5, 6, соли 1937, саҳю, 70). Айнӣ пас аз бозгашт ба Самарқанд ба ислоҳ ва такмили ин китоб мепардозад. Соле, ки Айнӣ дархости чопи муҷаддадро дошт, Бухаринро ба унвони душмани халқ зиндонӣ ва эъдом карданд. Боз душманони Айнӣ фитна карданду гуфтанд, ки чопи муҷаддади ин китоб дархости Бухарини маъдуд аст. Аз ин сабаб нашри дигарбораи «Намунаи адабиёти тоҷик» боздошта шуд. Ин китоб танҳо дар даврони Истиқлол муҷаддадан ба нашр расид. Дар солҳои сиюм, вақте дар саросари давлати Шуравӣ маъракаи таъқиби адибону фарҳангиён оғоз гардид, понтуркистон аз ин фурсат истифода бурда, хостанд Айниро ҷисман нобуд созанд ва бо воситаи қаламбадастони худ ба сиёҳ кардани ин аллома шуруъ карданд ва ӯро «душман халқ» эълон намуданд. Айнӣ роҳи наҷотро танҳо дар Маскав мебинад ва ба Лоҳутӣ нома менависаду ӯро аз туҳматҳои ба сараш боршуда воқиф месозад. Лоҳутӣ таъҷилан нази А. Фадеев – раиси нависандагони Шуравӣ мераваду воқеаро шарҳ медиҳад. Фадеев бо ҳамроҳии М. Молотов – вазири умури хориҷии Шуравӣ ба назди И. В. Сталин мераванд. Баъд аз ошноӣ бо шахсияти Айнӣ И. В. Сталин мегӯяд: «Ин марди куҳансолро эҳтиёт бояд кард. Ӯ рамзи мардуми бузурги форсизабонон мебошад» (Х. Асозода, Таърихи адабиёти тоҷик, саҳ., 209). Ҳамин тариқ бо дахолати роҳбарони давлати Шуравӣ, ки бо саъй талоши Лоҳутӣ сурат гирифта буд, сабаб мешавад, ки Айнӣ аз ҳама туҳматҳо пок гардад ва мақоми қаблиашро дар Тоҷикистону Узбакистон ба даст оварад. Мактубҳои Айнию Лоҳутӣ собит мекунанд, ки туҳматгарон ҳамон ҷадидони понтуркистшуда, дӯстони қаблии Айнӣ ҳастанд, ки ҳастии ин алломаро барои амали сохтани ғаразҳои нопокашон монеа медонистанд ва аз фурсат истифода бурда, Айниро аз байн бурданӣ шуданд, ки тирашон хок хӯрд.

«Ёддоштҳо» (1947-1954)-ро метавон асари ҷамъбастии эҷодиёти Айнӣ шуморид, ки аз чаҳор ҷилд иборат буда, нотамом мондааст. Вақеан, «Ёддоштҳо» як шоҳасари адабист, ки дар адабиёти собиқ Шуравӣ мақоми шоиста касб кард ва ба Мукофоти давлатии ин кишвар сазовор гардид (1950). Адиб дар чаҳор ҷилди ин шоҳасар ҳаёти халқи тоҷикро вабаста ба саргузашти худ дар солҳои 80-90 асри Х1Х бо фарогирии муҳимтарин масоил ва ҷузъиёт тасвир кардааст. Айнишиносон ин асарро қомуси халқи тоҷик дар чоряки охири қарни Х1Х донистаанд. Дар ин асар аз ҳама табақаи мардум намояндагон бо номи худ фаъолият мекунанд. Тамоми воқеоти асар аз номи Садриддин нақл мешавад, вале дар маркази тасвир симои халқи тоҷик бо он ҳама маърифату урфу одаташ ва шебу фарози зиндагияш, муборизаву талошаш, созандагию бунёдкорияш дар як давраи муайяни таърихӣ ба тасвир омадааст. Дар раванди рушду камоли Садриддин беҳтарин сифати халқ дар симои ӯ тасвир шудааст. «Ёддоштҳо» аз дидгоҳи навъи адабӣ ёддошти бадеӣ буда, дар он шеваи ҳамосӣ, ғиноӣ ва илмӣ ба кор рафтаанд. «Ёддоштҳо»-и Айнӣ ба адабиёти халқҳои қазоқу қирғиз ва узбаку туркман такони ҷиддие дод ва дар пайравӣ аз он суннати ёддоштнависӣ дар адабиёти ин халқҳо роиҷ гардид. Айнӣ соли 1917 дар Самарқанд асаре бо номи «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ё «Таърихи усули савтия ва инқилоби фикрӣ дар Бухоро» навишта, ба Бухоро барои нашр фиристода буд, аммо дар ин шаҳр он асар «гум» шуд. Китоби мазкур соли 2005 ёфт шуд ва ба сифати ҷилди панҷуми «Ёддоштҳо» ба нашр расид.

Оғози фаъолияти илмии Айнӣ аз соли 1912 бо мақолаи илмӣ дар бораи рӯзгор ва осори Бедил шуруъ мешавад, ки дар маҷаллаи «Шуро» (1912, №2) ба забони тоторӣ ба нашр расидааст. Асарҳои илмии ӯ доир ба таърих, забону адабиёт, кишваршиносӣ, луғатнигорӣ, мусиқӣ, ки дар солҳои мухталиф ба нашр расидаанд, пояи ин улумро дар Тоҷикистон асос гузошт. Масалан «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923), «Материалҳо (мавод) доир ба Инқилоби Бухоро» (Маскав, 1926, ба забони узбакӣ), «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» (1934), «Устод Рӯдакӣ (1940), «Камоли Хуҷандӣ» (1940), «Шайх Муслиҳуддин Саъдии Шерозӣ» (1940-42), «Мирзо Абдулқодири Бедил» (1954), «Восифӣ ва хулосаҳои «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (1946), «Алишери Навоӣ» (1948) ва ғайра ҳар як дар дар таърихи илми тоҷик мақоми арзанда доранд. Айнӣ солҳои 20-30 асри ХХ мақолоти зиёде доир ба забон иншо карда, ки «Дар атрофии забони форсӣ ва тоҷикӣ», «Китобҳои тоҷикӣ», «Луғати нимтафсирии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» (1934) ва ғайра аз он ҷумлаанд. Дар ин мақолот ӯ асоси назариявии шеваи нави забони адабии тоҷикро нишон дода ва дар асарҳои бадеии худ намунаи равшани соддабаёниро ба майдон гузошт. «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (ҷилдҳои 1-2; солҳои 1933-34) зери таҳрири Айнӣ ба нашр расиданд. Ҳамчун ин ӯ яке аз муҳаррирони «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1940) аст.

Осори Айнӣ пайванди сунатҳои адабии Шарқ, махсусан адабиёти классикии форсу тоҷик ва Ғарб, ба вижа суннани адабиёти инқилобии рус мебошад. Дар насри Айнӣ суннани румонтизми адабиёти Шарқ бо реолизм (вуқуъгӯйӣ)-и рус омезиш ёфта, ҷанбаҳои тоза касб кардаанд. Айнӣ бо воситаи тарҷума ва ба туфайли шогирдонаш аз осори саромадони адабиёти рус огаҳӣ дошт ва худ борҳо қайд карда, ки аз осори М. Горкий, ки бо ӯ ошно буд, баҳра бардоштааст. «Зиндаи абадӣ» (1936), «Омӯзиши ман аз Максим Горкий», «Хотираи фаромӯшношудании устоди бузург» (1936), «Симои фаромӯшнашаванда» (1946) ва «Падари тарбиятгари адабиёти шуравӣ» (1951) мақолоте мебошанд, ки Айнӣ аз суҳбатҳояш бо Горкий ва баҳрабардорияш аз осори ин нависандаи бузурги рус сухан мегӯяд. Айнӣ шогирдони зиёде ҳам дар соҳаи адабиёт ва ҳам дар ҷодаи илми тоҷик тарбият карда, ки баъдан макотиби бунёдниҳодаи ӯро чи дар соҳаи адабиёт ва чи дар ҷодаи илм идома доданд. Бузургтарин нависандагону шоирони тоҷик чун Ҷалол Икромию Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Абдуссалом Деҳотӣ … ва донишмандон амсоли Абдулғанӣ Мирзоеву Холиқ Мирзозода, Баҳром Сирусу Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷон Шакурию Шарифҷон Ҳусейнзода … боифтихор худро шогирди мактаби бузурги Айнӣ медонанд. Нуфуз ва таъсири мактаби Айнӣ дар инкишофи адабиёти дигар ҳалқҳои шуравӣ, хусусан адабиёти қазоқу узбак, қирғизу туркман хеле назаррас аст ва дар ин масъала суханварони номвари ин миллатҳо, амсоли М. Авезов, С. Муқанов, Ч. Айтматов, М. Ҳусейн, Ғ. Ғулом, Б. Карбобоев борҳо таъкид кардаанд. Донишманди бузурги Эрон Сайид Нафисӣ дар Анҷумани 2-юми нависандагони шуравӣ таъкид карда буд, ки таъсири осори Айнӣ дар ташаккули воқеъгароӣ ва халқият дар адабиёти форсизабони Эрону Афғонистон ва шибҳи қораи Ҳинд хеле бузург мебошад. Донишмандони эронӣ дар нашр ва таҳқиқи мероси Айнӣ корҳои назаррасе анҷом додаанд. Дар Эрон чаҳор ҷилди «Ёддоштҳо», «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ва баъзе дигар асарҳои Айниро бо пешгуфтори муфассал ва шарҳу тавзеҳи илмӣ ба нашр расондаанд. Унвонҷӯёни эронӣ доир ба паҳлу  ҳои гуногуни осори Айнӣ ва пайванди вай бо адабиёти Эрони муосир рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд. Аксари муҳаққиқони эронӣ забони осори Айнӣ, ба вижда сабки «Ёддоштҳо»-ро идомаи забони Байҳақӣ донистаанд. Айнӣ ба ҳайси нависандаи классики адабиёти Шарқ эътироф гардидааст. Алфред Курелла – шоиру носир ва мутарҷими олмонӣ Айниро таҷассуми равобити самарабахши тамаддуни Шарқию Ғарбӣ медонад. 100-солагии Айнӣ бо қарори СММ (1978) дар миқёси бапйналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Осори Айнӣ бо 17 забони халқҳои собиқ Иттиҳоди шуравӣ ва 12 забони хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Айнӣ расман аз соли 1933 нафақахӯри шахсӣ (бознишаста) шуда бошад ҳам, то охири умр дар хидмати халқу Ватан буд: вакили Шурои олии Иттиҳоди шуравӣ (1950, 1954) ва Шурои олии Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати 2-юм). Бо ордени Нишони меҳнати Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (1931), се ордени Ленин (1041, 1948, 1949), ордени Байрақи сурхи меҳнат (1953) сарфароз гардидааст. Дар Тоҷикистон бузургтарин парку хиёбонҳо, бузургтарин ва қадимтарин донишгоҳ, театри опера ва балет, исми деҳаҳову шаҳрак ва ноҳия ба номи Айнӣ гузошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе осорхони адабии С. Айнӣ ва дар шаҳри Самарқанд (дар ҳавлии нависанда) осорхонаи ёдгории С. Айнӣ ташкил гардидаанд. Соли 2007 ба ДДОТ номи Садриддин Айнӣ дода шудааст.

8 сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Таҳияи С. Хоҷазод

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj