• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАР КОНФРОНСИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

Возможно, это изображение 8 человек, люди учатся и текстИмрӯз тибқи нақшачорабиниҳои Раёсати илми донишгоҳ дар назди кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи бахши ҳуқуқ доир ба ҳафтаи илм баргузор гардид. Мудири кафедра н.и.ҳ., д.и.с., профессор Қозиён Ш.Қ.баромад намуда қайд намуд, ки истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибиътиёриву соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Мувофиуи барномаи конференсия баромадҳо дар мавзуъҳои зерин шунида шуданд:
1. Қозиён Шариф Қозӣ – номзади илмҳои ҳуқуқ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Роҳҳо ва воситаҳои муқовимат бо ифротгароӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”;
2. Меликов Умрулло – д.и.ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Баъзе масъалаҳои нав дар кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон: иҷозатномаҳои озод ва миёнаравии иттилоотӣ”;
3. Аламов Ҳалимҷон – н.и.т., дотсенти кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Принсипи таҷзияи ҳокимият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
4. Камолзода Шӯҳрат – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Вазъи маъмӯриӣ-ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
5. Абдуллозода Муҳаммад – ассистенти кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқии донишҷӯ”;
6. Раҳматов Раҳматбой – ассистенти кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Конститутсия омили муҳими ташаккули давлати ҳуқуқбунёд”;
7. Мирзозода Шаҳло Ҷуъма – ассистенти кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Нақши зан дар рушди давлати соҳибистиқлол”;
8. Кабутов Муҳаммад – ассистенти кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек”;
9. Ҳомидов Бобоҷон – н.и.ф., дотсенти кафедраи ҳуқуқ, дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқии соҳибкор” ва дигар маърӯзаҳои унвонҷӯёну донишҷӯён шунида шуд.
Баъд аз шунидани маърӯзаҳо кормандони муваффақи Раёсати илми донишгоҳ Фирдавсӣ Неъматулло ва Дустова Навраста оид ба дастгириҳо ва бунёдкориҳои Пешвои миллат дар замони истиқлоли кишвар суханронӣ намуданд.
Тибқи барнома баъд аз шунидани маърӯзаҳо ва суханрониҳо аз ҷониби мудири кафедра профессор Қозиён Ш.Қ. ба кулли маърӯзачиён ва иштирокдорон раҳматнома эълон карда шуд.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj