• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС
Возможно, это изображение 10 человек, люди учатся и текстТибқ нақшаи баргузории вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллии ҷавонон», ки санаи 8 апрели соли 2024 аз тарафи ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А. И., тасдиқ шудааст, рӯзи 19 апрели соли равон дар факултети забон ва дадбиёти рус, вохӯрии мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Д. Маҳмудов бо омӯзгорону донишҷӯёни факултет, баргузор гардид. Нахуст бо сухани муқаддимавӣ декани факултет, дотсент Қувватзода Саломат кори чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба Д. Маҳмудов дод.
Зимни суханронии худ Маҳмудов Д., иброз дошт, ки равандҳои пуртаззоди ҷаҳони муосир торафт вазъи амниятии дунёро халалдор намуда, фазои номуосид баҳри таҳкими истиқлоли давлатҳои алоҳидаро ба вуҷуд овардааст. Таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки шеваи чунин бархурдҳо нав шуда, дар натиҷаи он муҳити давлатҳои алоҳида як навъ ба майдони ҳарб ё худ қувваозмоии тарафҳои даргир табдил ёфтааст.
Агарчанде, ки дар Тоҷикистони азизи мо фазои сулҳу ваҳдат ҳукмрон аст, аммо чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз равандҳои гуноугни ҷаҳонӣ дар канор бошад. Неруҳои бадхоҳи давлату миллати мо ҳамеша талоши онро мекунанд, ки саодати миллат ва низоми давлатии моро ба буҳрон кашанд. Мутаассифона, чунин неруҳо таи солҳои охир бештар аз шиорҳои авомфиребонаи динӣ, бо истифода аз боварҳои динии ҷомеа кор мебаранд. Аз ин рӯ, таъкид дошт Маҳмудов Д., ки ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро дар чунин як шароити хело ҳасос аз даст надода, ҳамеша дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шаванд ва дар паи ободии Ватан ва аз худ кардани донишу ҳунар бошанд.
Бо ҳамин мулоқоти навбатӣ дар факултети забон ва адабиёти рус дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва садоқати бепоён ба ин обу хоки аҷдодӣ ба поён расид.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj