• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Сурудҳо бо имову ишора

Маҳфилҳо яке аз шаклҳои ташкили фаъолияти илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва эҷодии донишҷӯён мебошанд. Дар факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир маҳфили «Дастони гӯё» таҳти роҳбарии омӯзгор Саттор Қувватов амал мекунад. Аъзои ин маҳфил бо барномаҳои консертии худ, ки ҳам тариқи садо ва ҳам тариқи ишора сурат мегирад, дар мактабҳои кӯдакони ношунаво ва имконияташон маҳдуд борҳо баромад карда, хотири онҳоро шод намудаанд. Ин навбат ҳайати маҳфили «Дастони гӯё» 10-уми декабр, ки Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи инсон эълон гардидааст, дар донишгоҳ ҳунарнамоӣ карданд. Донишҷӯён тавонистанд муошират, мазмуни шеъру сурудҳо, саҳначаи ҳаҷвӣ ва рақсҳоро бо истифодаи нутқи имою ишора намоиш диҳанд. Онҳо нақша доранд, ки минбаъд фаъолияти эҷодии худро такмил дода, ба хона-интернатҳои махсус барои кӯдакони сустшунаво, ношунаво ва хонаи маъюбон рафта, хотири онҳоро шод гардонанд.

Саидаброр Саидӣ, донишҷӯи факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj