• Tajik
  • Russian
  • English
менюхо
There are no translations available.


РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУС

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус (минбаъд раёсат) воҳиди сохтории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (минбаъд Донишгоҳ) буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон, Оинномаи Донишгоҳ, Шартномаи коллективӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳаи таҳсиолоти олии касбӣ ва Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ гирифтааст.

Фаъолияти раёсатро ректори донишгоҳ роҳбарӣ менамояд. Дархосту супоришҳои ҷамъиятӣ, додани ахбор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқкардаи донишгоҳро раёсат танҳо бо иҷозати ректори донишгоҳ иҷро менамояд.

Феълан роҳбарии раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (солҳои 2004-2009), бо ихтисоси ҳуқуқшинос-омӯзгор Назаров Давлатхон Қурбонмуродович ба зимма дорад. Номбурда феълан барои гирифтани маълумоти 2-юм таҳсилро дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, аз рӯи ихтисоси  идоракунии ҳайати кадрӣ идома дода истодаст.

Муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро бошад хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2005-2010), бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ Мирзозода Шаҳриёр Мунавар, ки қаблан (солҳои 2011-2018) дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ кору фаъолият намудааст ба зима дорад.

Шурӯъ, аз ибтидои соли 2019 дар сохтори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Бахши дипломҳо таъсис ёфта, фаъолияташро дар самти нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот (дипломҳо) ба роҳ мондааст.

Роҳбарии Бахши дипломҳоро хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (солҳои 2002-2007), бо ихтисоси математика-информатика Ғуломова Маҳина Файзуллоевна, ки қаблан (солҳои 2009-2018) дар вазифаҳои сармутахассис ва муовини сардори шуъбаи кадрҳои донишгоҳ кору фаъолият намудааст ба уҳда дорад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj