Хабарҳо |
НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ БАҲРИ ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТАҲСИЛОТӢ ОЗИМИ ЧИН ШУДАНД
15-уми декабри соли 2023 гурӯҳи кории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аз ҷумла муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д.Ш. ва директори парки технологӣ Сайдалиев Л. ҷиҳати муаррифии имкониятҳои таҳсилии донишгоҳ ба Ҷумҳурии Халқии Чин сафар намуданд. Маврид ба зикр аст, ки санаи 15-уми июни соли 2023 созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и назди Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Халқии Чин ба имзо расидааст.
Аз натиҷаи сафар хабар илова мешавад... |