• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
15.02.2024 05:00

НЕКСИРИШТ

На ба ҳар олими муваффақ муяссар мегардад, ки омӯзгори воломақом бошад ва на ба ҳар омӯзгори соҳибсухан имкон даст медиҳад, ки муҳаққиқи чирадаст гардад. Тамоми олимони закӣ ва омӯзгорони хушсалиқа дар орзуи чунин истеъдоду маҳорати тавъаманд. Хуш ба ҳоли олиме, ки дар баробари қалами хуб, соҳиби нутқи хуб аст ва ба шогирдону толибилмон илмашро бо ду роҳ: қалам ва сухан дода метавонад. Чунин олимони омӯзгори арастусифату буалимашраб ангуштшуморанд. Вале дар ҷомеа чунин ашхос ҳамчун машъалафрӯзи башар буданду ҳастанд ва хоҳанд буд. Дар ҷомеаи гузаштаю имрӯзаи мо низ чунин омӯзгорони олим будаанд, хусусан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.
Дар қатори олимони дақиқназар ва омӯзгорони суханвар метавон устоди зиндаёд, профессор Шокир Мухторро ном бурд. Ин донишманди закӣ ва омӯзгори камназир дар умри кӯтоҳи худ роҳи садсоларо тай карда, пастию баландиҳои зиндагиро бо муросою мадоро паси сар намуда, сафинаи ҳаёташро, ба қавли худаш, ба соҳили мурод расонидааст. Барои расидан ба мақоми баланди омӯзгорию олимӣ, ба мушкилиҳои табиию сунъии зиндагӣ тан надода, афтону хезон ба сӯи қуллаи мурод ва ҳадафҳои нозпарварди даврони кӯдакию наврасиаш қадам задааст. Ҳанӯз дар даврони наврасӣ, ки беҳтарин давраи бозию шӯхӣ, рушди ҷисмонию ақлонӣ ва шаклгирии хусусиятҳои
 
15.02.2024 04:50
ЛИТСЕЙИ ДДОТ: БАРНОМАҲОИ ТЕАТРӢ ВАТАНДӮСТИИ КӮДАКОНРО ЗИЁД МЕКУНАД
Возможно, это изображение 3 человека, осветительное оборудование и помостНимаи дуюми имрӯз барои хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи театрии таҳти унвони “Модар маро бубахш” аз ҷониби ҳайати кормандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар толори васейи донишгоҳ ба номоиш гузошта шуд.
Барномаи театриро тамоми хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тамошо намуда, аз саҳнаҳои тарбиявии ин намоишнома хело шод гардиданд.
 
15.02.2024 04:44
ПЕШГИРИИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА САФИ ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ!
Возможно, это изображение 4 человека, помост, Овальный кабинет и отдел новостейДар асоси нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ рўзи 14.02.2024 дар толори асосии донишгоҳ бо ширкати кулли магистрантон, инчунин муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сардори Раёсати илм ва инноватсия Зайдуллозода Саида, мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Кенҷаев Фаридун ва корманди раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калон Табаров Шаҳриёр ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии
 
13.02.2024 13:21

 

МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ МИЁНИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ОҒОЗ ШУД
Возможно, это изображение 3 человека и шахматыИмрӯз, 13-уми феврали соли равон, дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаи шоҳмотбозӣ миёни омӯзгорону кормандон оғоз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур шоҳмотбозони факултетҳо ва раёсати донишгоҳ миёни ҳамдигар сабқат намуда, ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Эзоҳ: Аз садорати факултетҳо ва воҳидҳои сохторӣ дархост карда мешавад, ки иштироки намояндагони худро дар мусобиқа, ки мутасаддии он
 
13.02.2024 13:16

Машғулияти ҳуқуқӣ

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА

Возможно, это изображение 5 человек и помост

13 феврал дар толори бинои асосии донишгоҳ мутобиқи нақшаи тасдиқгардида хониши ҳуқуқӣ дар мавзуи “Омилҳои сиёсию ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ” (дар асоси таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)баргузор гардид.
Машғулиятро мудири кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қозиён Шариф Қозӣ доир намуда иброз дошт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси олам ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзӯдани он пояҳои давлатдориро заиф гардонида, нуфӯзи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста

 
13.02.2024 13:10
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш санаи 1-уми сентябри соли 2023 такид намуда буданд, ки: “Рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошем. Дар ин раванд, мо бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз

 
13.02.2024 13:03

 

СОЛҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИДААСТ!
Возможно, это изображение текст «до после»Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 1931 таъсис ёфта, биноҳои таълимии он маротибаи охир солҳои 1980 мувофиқ бо талаботи ҳамондавра таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардида буд.
Лозим ба ёдоварист, ки баъди солҳои тулонӣ, ки саҳн, зинаҳо ва роҳравҳои факултетҳои химия, география, биология, педагогика, забон ва адабиёти рус, Китобхонаи донишгоҳ, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар ҳоли фарсудагӣ қарор доштанд, аз оғози соли 2024 бо ибтикори ректори донишгоҳ таъмири онҳо ба роҳ монда шудааст.
 
12.02.2024 13:06
НАҚШИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР РУШДИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)
Шурои илмӣ-методии донишгоҳ мақоми доимии экспертӣ ва машваратӣ мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимии донишгоҳ, таъмини сифати баланди маводҳои илмӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва адабиёти дигар таъсис дода мешавад. Шурои илмӣ-методӣ мақоми коллегиалии машваратӣ ва тавсиявии роҳбарикунанда, маркази муҳокимаи масъалаҳои илмӣ, методӣ ва таълимии фаъолияти донишгоҳ ва ташкили коркардҳои илмию методӣ аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии пешбурди фаъолияти Шурои илмӣ-
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ