• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
22.09.2023 11:50

 

Возможно, это изображение 1 человек ФУРӮҒ АЗ РӮДАКӢ ДОРАД ЧАРОҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Басо хурсандибахш аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвими ҷашнҳои миллии мо, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ баъд аз бузургтарин ва бошукӯҳтарин ҷашни таърихии мо - Истиқлоли давлатӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хоса қайд карда мешавад. Аз соли 2002 сар карда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчун як ҷашни илмӣ - фарҳангӣ таҷлил мегардад. Соли 2008 бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон ҷашни 1150-солагии ин абармарди сухан бо шукуҳу ҷалоли хоса истиқбол гардид. Моҳияти ин тадбирҳои фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ба он ишорат мекунад, ки мавқеъ ва аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ ва маърифатии эҷодиёти ғанию рангини устоди бузургвор - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯз то рӯз, сол то сол заруртару зиёдтар мегардад.
 
13.09.2023 07:18

 

ИШТИРОКИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Дар доираи Панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 13 то 14-уми сентябр Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ бояд дар хотир дошт, ки донишгоҳҳо ва марказҳои таълимиро робитаҳои зич ба ҳам мепайвандад. Ҳамкориҳои имрӯзаи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд.
 
05.09.2023 07:03

ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВО - ДАСТУРИ РАҲНАМО

(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ)

Возможно, это изображение 1 человекБаланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони соҳибкасби мусаллаҳ бо донишҳои замони муосир, роҳандозии технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим, таълифи китобҳои дарсӣ дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ аз масъалаҳои меҳварии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ зимни мулоқот бо омӯзгорони Донишгоҳи тиббии Хатлон садо доданд. Пешвои миллат сараввал нақши мактабу маорифро дар ҷомеа ба сифати унсури муҳимтарини амнияти миллӣ ҳисобида бо қатъият иброз намуданд, ки “баъди ба даст овардани истиқлол мо илму донишро пояи асосии рушди ҷомеа ва амнияти давлат эълон карда, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дарҷ намудем, ки хароб гардидани сифати таълим ва неруи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”. Ин маънои онро дорад, ки ҳеҷ кишваре қодир нест, ки бе мактабу маориф пеш равад, рушд кунад ва ба муваффақиятҳои назаррас ноил шавад. Ба ин хотир, соҳаи мактабу маориф дар саргаҳи фаъолияти сарвари давлат қарор дошта, пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа чорасозӣ мешавад. Қабули ду стратегия ва амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф далели ин гуфтаҳост. Илова бар ин, 19%-и буҷаи солонаи ҷумҳурӣ, ки 7,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба соҳаи маориф марбут аст.

 
02.09.2023 09:09

ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ ИФТИТОҲ ШУД

Имрӯз, 1-уми сентябри соли 2023, ки дар кишвари азизамон ҳамчун Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дониста мешавад, Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар Литсей 250 нафар хонандагони синфҳои 5-11, ки аз миёни зиёда аз 500 нафар довталаб интихоб гардидаанд, дар гурӯҳҳои русиву тоҷикӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
 
02.09.2023 09:06
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Возможно, это изображение 9 человек и помост
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чун анъана таҷлили Рӯзи дониш бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Имрӯз омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳоне маънӣ бардоштанд.

 
07.07.2023 05:43

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ: ОМӮЗГОРОН БАРОИ ТАЪЛИМИ НАСЛИ ИМРӮЗИ МИЛЛАТ БОЗ ҲАМ БЕШТАР ТАЛОШ НАМОЯНД!
Возможно, это изображение 11 человек, помост, храм и текстИмрӯз ҳисоботи Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи нимсолаи аввали соли 2023 ба самъи кулли кормандону омӯзгорон ироа гардид.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар ҷаласаи мазкур иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда, консепсияву стратегияҳо ва барномаву дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилот ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм, инчунин супоришҳои Вазири муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
Мавсуф иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои назарраси таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, байналмилалӣ ва иқтисодиву хоҷагидорӣ ноил гардида бошад ҳам, боз корҳои зиёде барои анҷом додан ва расидан ба ҳадафҳои боз ҳам наҳзаррас ҷой дорад.
 
05.07.2023 13:15

 

ВОХУРИИ НАВБАТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ СОҲИБКОРӢ ВА ОМӮЗГОРИИ ДЕҲНАВИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
Дар Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ санаи 05-уми июли соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи соҳибкорӣ ва омузгории Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар вохури Суюнов Шерзод Ҷамолович, мудири кафедраи томактабӣ ва таълими мактаббача ва ҳайати омӯзгорони ин кафедра Ачилов Обид Музробович, Бобомуродов Эшмамат Норбадалович, Авлоқилов Диловар Ҳайитбоевич, Элмиродова Лола Тожиалиевич, Тирдиева Иззатой Садиковна, Шохимардонова Бахтигул Хушбоқовна, Шаимардонова Наргиза Махманазаровна, Эсанова Сарвиноз Уктамовна, Эрматова Мехринисо Бекмуродовна ва Иулдошова Меҳринисо Очилдиевна иштирок доштанд.
 
24.06.2023 08:15

ПОКИЗАГӢ МАРОМИ МОСТ

Возможно, это изображение 5 человек, дорога и деревоДар таърихи 24 июни соли 2023 тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ширкат намуданд. Дар рафти аксия устодону кормандон гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва ёрирасон ва кӯчаҳои ҳамшафати донишгоҳро тоза карданд.

Ҳамчунин гурӯҳи дигари омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки кафедра ва синфхонаҳоро рангубор намуда, ба биноҳои таълимӣ зиннати тоза бахшанд. Нарм намудани бехи дарахтон, ба тартиб овардани гулу буттаҳои ороишдиҳандаи гирду атрофи донишгоҳ аз ташаббусҳои созандаи кормандону омӯзгорони ин боргоҳи маърифат ба шумор меояд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ