• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
03.02.2023 06:29

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РЕКТОР БО МАГИСТРАНТИ ХОРИҶӢ

Возможно, это изображение 3 человека, люди сидят и в помещенииДар таърихи 3 феврали соли 2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо магистранти Донишгоҳи Венаи Утриш Линда Либих, ки барои тадриси забони олмонӣ ба донишгоҳ ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ташкили маҳфилҳо барои донишҷӯён ва курси таклмили ихтисос барои омӯзгорони ҷавони шӯъбаи забони олмонӣ баррасӣ гардиданд. Зимнан пешниҳод карда шуд, ки мутахассиси соҳибзабон барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷўёни шӯъбаи забони олмонӣ кӯшиш ба харҷ диҳад ва барои тайёр намудани онҳо ба озмунҳои дохилидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор бошад.

 
03.02.2023 05:50

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

2-юми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо ширкат намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамарӯза миёни донишҷӯёни факултетҳо, инчунин дар хобгоҳҳои донишгоҳ вохӯриву суҳбатҳо миёни донишҷӯён баргузор намуда, ҷиҳати дурӣ ҷустан ва огаҳӣ пайдо намудан аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки оқибати нохуб дорад, онҳоро огоҳ менамояд.

 
02.02.2023 06:54

ПАЙОМАДИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ НОГУВОР АСТ

Дар таърихи 2 феврали соли 2023 дар факултети психология доир ба никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он семинар баргузор гардид. Дар кори семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, мутахасссиси Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим Худойдов Аҳмадҷон, декани факултет Дадабоева Мадина, профессори кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ Маҷидова Бибиҳафиза, устодони кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ Назарова Зебонисо ва Рустамова Зарина ширкат ва суханронӣ карданд. Зикр карда шуд, ки никоҳи хешутаборӣ пайомади нохуш дорад ва дар никоҳи хешовандони наздик хатари тавлиди кӯдакони бемор 25%-ро ташкил менамояд. Дар сурати бо писари хола, тағо, амак издивоҷ намудан ин хатар ба 46 % мерасад.

 
01.02.2023 09:44

ДАР ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮЁН САҲЛАНГОРӢ НАБОЯД КАРД

Дар таърихи 1 феврали соли 2023 дар асоси дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он кормандони шуъбаи тарбия ва муовинони деканон оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок карданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои назорати хобгоҳҳои донишҷӯён ва шароити зисти онҳо, баргузор намудани вохӯриҳо бо намояндагони мақомот ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявии демократӣ ва пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифроттгаро, назорати сару либоси устодону донишҷӯён, интизоми меҳнат ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд.

 
01.02.2023 07:37

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Назорати раванди таълим аз ҷумлаи масоили мубрами ҳар як донишгоҳ маҳсуб меёбад. Дар робита ба ҳамин масъала имрӯз, дар таърихи 1 феврали соли 2023 бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Иболуллозода таҳти роҳбарии  муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнуллозода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он  кормандони раёсати таълим ва танзимгарони шуъбаи таҳсилоти фосилавии факултетҳо иштирок  намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба раванди таълим, аз ҷумла фаъолияти шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, назорати иштироки донишҷӯён дар дарсҳои ҳузурӣ ва натиҷаи сессияи имтиҳонӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ниҳояти ҷаласа муовини ректор барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, даъват ба амал овард, ки дар оянда ба норасоӣ ва камбудиҳо роҳ дода нашавад.

 
01.02.2023 03:31

НАЗОРАТИ ХОБГОҲҲО ТИБҚИ ДАСТУРИ РЕКТОР

Бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода муовинони ректор ва роҳбарони як қатор бахшҳо ҷиҳати назорат ба хобгоҳҳои донишҷӯён сафарбар шуданд. Мақсад ва ҳадафи ин чорабинӣ иборат аз он аст, ки вазъи санитарӣ, ҳолати қубурҳои гармидиҳанда, шароити зисти донишҷӯён ва амсоли ин масоил зери назорат гирифта шуда, дар ҳолати ҷой доштани нуқсон норасоиҳо рафъ карда шаванд. Тибқи ҷадвали муқарраршуда муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим Айнуллозода Н. дар хобгоҳҳои №8 ва 9, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д.Ш. дар хобгоҳҳои № 6 ва 7, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Р.Қ. дар хобгоҳи №3, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Н.Н. дар хобгоҳи №2 муттасадӣ таъйин гардида, муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати норасоиву камбудиҳо ба унвонии роҳбари муассиса ҳисобот пешниҳод намоянд.

 
01.02.2023 03:27

ИБОДУЛЛОЗОДА: ЯК БИНОИ НАВИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА СЕ ЛАБОРАТОРИЯИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки зиёда аз 31 намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмилаливу хоҷагидорӣ дар ҳузури рӯзноманигорон ёдовар шуд. Инчунин Аҳлиддин Ибодуллозода дар идомаи гузориш ба намояндагони васоити ахбори омма иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ дар соли ҷорӣ, аз ҷумла як бинои 2-ошёнаи замонавиро барои донишҷӯёни факултаҳои химия, биология ва география баҳри самаранокии корҳои таҷрибаомӯзӣ мавриди истифода қарор дода, дари Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро барои хонандагони синфҳои 5-11 боз ва инчунин 3 лабораторияи навро дар факултетҳои физика, химия ва билогия ифтитоҳ менамояд.

 
31.01.2023 05:09

РЕКТОР: БА ТАЛАБОТИ ЗАМОН ҲАМҚАДАМ БОЯД БУД

Тибқи нақшаи пешбининамудаи Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 30 январи соли 2023 бо ҳузури магистрантону докторантоне, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ва як қатор деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва роҳбарони бахшҳои марбута иштирок карданд. Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода сухан ронда, вобаста ба пешрафту камбудиҳои ин зинаҳои таҳсилот ҳарф зад. Роҳбари донишгоҳ масъалаҳои ҳузури номунтазам ба дарсҳо, пешниҳоди мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба маҷаллаҳои тақризшаванда ва сомонаи донишгоҳ, иҷрои нақшаҳои инфиродӣ, риояи талаботи либоси намунавӣ ва амсоли инҳоро қайд карда, ба масъулин бобати андешидани чораҳо дастур ироа кард. Аҳлиддин Ибодуллозода инчунин бобати ҳавасманд кардани магистрантон ва докторантони фаъол ба масъулини иттифоқҳои касабаи донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ супориш пешниҳод карда, таъкид намуд, ки иштироки онҳо дар маҳфилҳои илмӣ, озмунҳои сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натанҳо боиси обрӯву эътибор, балки аз нигоҳи молиявӣ қадрдонӣ гардидани ҳам магистрантону докторантон ва ҳам роҳбаронашон мегардад.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ