• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
10.11.2022 06:16

НАТИҶАИ ОЗМУН ДОНИШГОҲРО ДАР МАҚОМИ АВВАЛ ҚАРОР ДОД
Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 нафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сазоври ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Вобаста ба номинатсияҳои озмун 3 нафари онҳо сазоворӣ ҷойи 1-ум, 3 нафар сазовори ҷойи 2-юм ва 1 нафар сазоворӣ ҷои 3-юм шуданд.
Маврид ба ба зикр аст, ки натиҷаҳои бадастовардаи намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар даври шаҳрии озмуни имсолаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нисбат ба дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баландтар мебошад.
 
10.11.2022 05:30

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

9 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои мамнуъ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва ҷинояту ҷинояткорӣ баргузор гардид.

Чунин вохӯриву суҳбатҳо дар самти пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуда, аз содиршавии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок пешгирӣ мусоидат хоҳад кард. 

 
09.11.2022 13:35

ТАҶДИДИ ФАЪОЛИЯТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Дар таърихи  9-уми ноябри соли 2022  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  бо ташаббуси ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода мизи мудаввар баргузор гардид, ки муҳтавои асосии он таҷдиди назар нисбат ба  саҳифаҳои факултетҳо ва шуъбаҳо ва тарзи истифодаи дурусти онҳо дар ҷомеаи имрӯз мебошад. Дар ҷараёни он роҳбари муассиса ба аъзоёни раёсат ва муовинони деканҳои факултетҳо ҷиҳати корбурди саҳифаҳо дастурҳои муфид пешниҳод намуд. Хосатан зикр карда шуд, ки фаъолияти саҳифаҳои расмии факултетҳо ва бахшҳои мустақили донишгоҳ ба таври бештар гузориш ва маводи зарурӣ интишор намоянд.

 
09.11.2022 13:00

СЕМИНАРИ МУФИД

Ҳамасола дар Душанбе бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Дафтари ҳамкории Сувис ва Донишкадаи Гётеи шаҳри Тошканд  анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории анҷумани мазкур пеш аз ҳама ошноии омӯзгорони забони олмонӣ бо усулҳои муосир ва самараноки тадриси забони олмонӣ мебошад. Соли ҷорӣ ин чорабинӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд ва  дар он намояндагони Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин  Айнӣ низ ширкат намуданд. Дар ҳамин асос, бо мақсади рушди касбияти омӯзгорон ва интиқоли донишу малакаи дар анҷуман ҳосилнамудаи устодони дар он ширкатварзида ба дигар устодон ҳар моҳ дар факултети забонҳои романӣ-германӣ семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.

 
09.11.2022 10:20

АЗ 34 НАФАР ИШТИРОКЧӢ 7 НАФАР БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲ ЁФТ

Дар ин рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе маросими даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субхи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он аз ҷумлаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (3 нафар омӯзгор ва 10 нафар донишҷў) аз рӯи номинатсияҳои “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, “Адабиёти классикии тоҷик”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти ҷаҳон” ва “Эҷоди назму наср иштирок намуданд. Тибқи натиҷаи озмун 7 нафар аз онҳо: ду нафар аз рўи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” ду нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классикӣ”, як нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”, ду нафар (як нафар омӯзгор ва як нафар донишҷӯ) аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

 
09.11.2022 09:12

ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тибқи маълумоти мавҷуда Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1532 аз 20 октябри соли 2022 роҳбарии умумии лоиҳаи байналмилалиро таҳти унвони “Тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим” ба уҳда дорад. Дар ин баробар бо мақсади мусоидат яке аз бобҳои “Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ карда шуда, дар мувофиқа бо бахшҳои вазорат Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои асосӣ барои татбиқи лоиҳа интихоб шудааст.Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ дар давраи аз 08 ноябри соли 2022 то 10 ноябри соли 2022 дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе идома ёфта, аз ҳисоби устодони донишгоҳи мо дар он 25 нафар иштирок менамоянд.

 
09.11.2022 09:08

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Имрӯз зимни қабули шаҳрвандон, ректори донишгоҳ арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагонро шунида, ҷиҳати ҳалли мушкилоташон дар доираи қонун дастгирӣ намуд.

Мебояд ёдовар шуд, ки масъалаҳои муроҷиат аз дастгирии ятимон, маъюбони гурӯҳҳои мухталиф ва барқарори донишҷӯёни хориҷшуда иборат буд.

 
08.11.2022 11:27

МАҲФИЛИ “ХИРАДМАНД” БО ШИРКАТИ МУҲАММАД ҒОИБ

Дар таърихи 8-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  маҳфили “Хирадманд” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид. Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури "Шоҳи Ҳамадон", "Мири Кабир","“Имоми Аъзам","Арвоҳзада","Зиндамаргон", "Волидони беворис", филмномаҳои "Гумгаштапайдо", "Пуштаи хандақпеч", "Ҳасрати дидор","“Вафодор" ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ