• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
25.10.2022 09:00

 

ДАР ДОНИШГОҲ НАМОИШИ КИТОБ БАРГУЗОР ГАРДИД!
АҲЛИДДИН ИБОДУЛЛОЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зимни боздид аз намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр чунин ибрози назар намуд:
Мақсад аз баргузор намудани намоиши китоб дар миёни донишҷӯён рӯй овардан ба китобхонӣ, тарғиби китобхонӣ дар миёни ҷавонон, ҳифзи донишҳои замонавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва арҷ гузоштани онҳо ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.
 
25.10.2022 08:05

 

МУЛОҚОТ БО МАГИСТРАНТОН
Дар таърихи 24 октябри соли 2022 бо магистрантоне, ки дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд, мулоқоти намояндаи садорати донишгоҳ барпо гардид. Ҷаласаро мудири бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Ахиева С.У. ифтитоҳ намуда зикр кард, ки айни замон аз 191 нафар магистрантон 48 нафар бо сабабҳои номуайян ҳузур надоранд. Дар ҷаласа асосан масоили марбут ба машғулиятҳои таълимӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои магистрантон, пешниҳод ва тасдиқоти мавзуъҳои магистрӣ ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар заминаи мавзӯъҳои зикршуда мувини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. қайд намуданд, ки ҳар як нафар маҳистрант қабл аз ҳама бояд бо талаботи Низомномаи магистратура, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2016, таҳти № 66 шинос бошад ва дар ин баробар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хешро, ки аз талаботи низомномаи мазкур бармеоянд, ба таври ҳифз донад. Минҷумла масъалаи беш аз 0,5 ставкаи корӣ фаъолият намудани магистрант хилофи талаботи ин низомнома буда, минбаъд, дар ҳолати ошкор гардидан барояш душворӣ пеш меорад.
 
24.10.2022 07:56

ТАШАББУС: ФАРДО НАМОИШИ КИТОБ БАРГУЗОР МЕШАВАД!

Бо ташаббуси Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 25-уми октябри соли 2022 намоиши китобҳои тозаинтишори Донишгоҳ ва нашриёти “Адиб”дар саҳни бинои асосӣ баргузор мегардад. 

 
24.10.2022 07:51

 

РАЁСАТ: ФАЪОЛИЯТИ БАЪЗЕ АЗ ФАКУЛТЕТҲО НИГАРОНКУНАНДА АСТ!
Имрӯз, Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, аъзои раёсат ва деканони факултетҳо ҷаласаи раёсат баргузор намуд.
Дар ҷаласа масъулин аз рӯи 3 масъалаи асосӣ, аз ҷумла ҳолати истифодабарии тахтаҳои электронӣ дар факултетҳо, фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ ва аз натиҷаи суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни хориҷӣ гузориш доданд.
 
24.10.2022 03:35

ДАСТУРИ РЕКТОР: ХОНИ ИДОНАИ МЕҲРГОН БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ХАЙР КАРДА ШАВАД!

Тибқи дастури Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хони идонаи бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ороста шуда буд, ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кудакони душвортарбия дар шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.

 
24.10.2022 03:31

 

ФАЙЗУ БАРОР ОРАД ИН ҶАШНИ ОРИЁӢ
22-юми октябри соли 2022 бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо оростани хони идонаи факултетҳои Донишгоҳ истиқбол гирифта шуда, дар он Мишел Тарран, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ширкат намуд.
Ибодуллозода Аҳлиддин, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар якҷоягӣ бо Мишел Тарран аз хони ин ҷашни ориёӣ, ки аз ҷониби факултетҳои Донишгоҳ ороста шуда буд, дидан намуд. Ибодуллозода Аҳлиддин Мишел Тарранро бо расму ойинҳои ин ҷашни куҳани таърихӣ шинос намуда, чун анъанаи неки ниёгон туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим намуд.
 
24.10.2022 03:29

ҲАЁТИ ПУРСАМАРИ ОЛИМ
Бо ташаббуси садорати факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 22 октябри соли 2022 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Вазъи муосири гуногунии биологии Тоҷикистон, ҳифз ва истифодаи оқилонаи он» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 75-солагии ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-педагогии корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор Тоҳирҷон Сатторов баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илми донишгоҳ, д.и.ҳ., профессор Сангинов Д. ифтитоҳ намуда, кулли меҳмононро аз номи ректори донишгоҳ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ва ҳайати раёсат хайрамақдам намуд.
 
21.10.2022 04:07

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН

Комиссия даври сеюми озмун дар ноҳияҳои минтақаи Рашт барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, лаёқат, малака ва маҳорати иштирокчиёни озмунро натиҷагирӣ карда, ғолибони даври минтақавиро муайян намуд. Ҳайати ҳакамон  ба донишу истеъдоди иштироккунандагони озмун воқеъбинона баҳогузорӣ намуда, аз ҷумлаи 67 нафар довталаб  ба 33 нафар ҷиҳати иштирок дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, роҳхат пешниҳод намуданд. Ҳамчунин ба хотири шаффофияти озмун ба довталабоне, ки аз натиҷаи холҳои ба даст овардаи хеш норизоият изҳор намуданд, иловатан имконият фароҳам оварда шуд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ