• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
16.06.2022 13:22

РЕКТОР: ДОНИШҶӮЁНИ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо донишҷӯёне, ки дар даври ҷамъбастии озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, донишгоҳро муаррифӣ менамоянд, мулоқоти самимона анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври ҷамъбастии озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 14 нафар донишҷӯ аз рӯи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогикаи умумӣ, назарияи иқтисодӣ, математика, физика, химия, информатика, биология-экология ва географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографӣ, ки санаҳои 17-18 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат менамоянд. 

 
16.06.2022 11:48

ҒОЛИБИЯТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН

16-уми июни соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Нахуст, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид баромад намуда, қайд кард, ки озмуни мазкур аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳиву хушдшиносӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба роҳ монда шудааст.

 
14.06.2022 12:34

МУРОҶИАТ ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ МЕШАВАД

Имрӯз ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандону донишҷӯён дар толори Шӯрои олимон шаҳрвандонро қабул кард.

Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо муроҷиаткунандагон таъкид намуд, ки мақсад аз баргузор намудани рӯзҳои қабул ин дар доираи қонун баррасӣ ва тибқи тартиботи қонунгузории соҳаи маориф кӯмак намудан ба муроҷиаткунандагон мебошад.

 
15.06.2022 05:38

ИДОМАИ ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тӯли фаъолияти худ дар ҷодаи робитаҳои байналмилалӣ таҷрибаи пурсамар дошта, бо зиёда аз 90 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, инчунин ҷамъияту ташкилотҳои байнаймилалӣ ва созмонҳо ҳамкории зич дорад. Ҳамасола тибқи бандҳои  шартномаҳои байнидонишгоҳӣ хатмкардагони зинаи бакалавриати ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (аспирантура, докторантура) дар хориҷи кишвар идома медиҳанд. 

 
14.06.2022 10:19

ЭЪЛОН

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” барои ишғоли вазифаҳои холии доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент дар кафедраҳои дахлдори донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои зерин озмун эълон менамояд.

 
14.06.2022 09:31

РЕКТОР: КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТРО БОЯД РИОЯ КУНАНД!

Субҳи  имрӯз, 14-уми июни соли 2022 бо мақсади назорати вазъи интизоми кории масъулин ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати бевоситаи ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар назди даромадгоҳи донишгоҳ рейди махсуси назоратӣ баргузор гардид.

Рейди назоратии мазкур муайян намуд, ки шумораи зиёди омўзгорону кормандон ва ҳатто, зумрае аз мудирони кафедраҳою роҳбарони сохторҳо дар вақти муқарраргардида ба ҷои кор ҳозир намешаванд. Бемасъулиятии кормандони баъзе аз сохторҳо то дараҷаест, ки қариб то ду соат ва зиёда аз ин ҳам ба кор дер меомаданд. 

 
14.06.2022 09:24

РЕКТОР: КОРМАНДОНИ  ХОҶАГИДОРӢ БОЯД БОМАСЪУЛИЯТ БОШАНД

Вохӯрии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо кормандони қисми иқтисод ва хоҷагидорӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ фаъолияти қисми иқтисод ва хоҷагидории донишгоҳро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кориашон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мавсуф иброз дошт, ки дар тозагиву озодагӣ, ва ободонии донишгоҳ кормандони қисми иқтисод ва хоҷагидорӣ бояд бо масъулияти баланд ва меҳру муҳаббати ватандорӣ фаъолият намоянд. Ҳамчунин ректори донишгоҳ ҷиҳати сабзу хуррамгардонии гирду атрофи донишгоҳ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

 
13.06.2022 11:53

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ВА ИҚДОМҲОИ НЕКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз, дар таърихи 13-уми июни соли 2022 ҷаласаи васеи назди ректори донишгоҳ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати раёсат, деканон ва раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, инчунин мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода, зимни ҷаласаи корӣ иброз намуд, ки мақсади асосии мо беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон мебошад.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ