• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
28.04.2021 11:33

 

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

“ТОҶИКИСТОН –ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ДАР ДОНИШГОҲ

4.JPG - 280.66 KbРӯзи 27 – уми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бахшида ба “30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба хотири пайдо кардани истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз рӯи ду номинатсия, сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардид. Ҳайати комиссияи озмун аз мудири шуъбаи фарҳанги донишгоҳ Ашурова О.М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов М.С., муаллимони калони кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ Нормаҳмедов О.О., Назаров Н. ва сармуттахасиси шуъбаи фарҳанги донишгоҳ Давлатзода М.Д.  иборат буданд,

 
27.04.2021 10:08

 

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ЗАНОНИ ДОНИШГОҲ

6.JPG - 199.37 KbСанаи 26 апрели соли .2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  бо ташаббуси бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии донишгоҳ маҷлиси шӯро бо иштироки аъзоёнаш ба хотири амалигардонии дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ Саидова Гулхумор  Зинатовна зикр намуд,

 
27.04.2021 05:19

 

Эълон!

13.jpg - 81.95 KbБа диққати ҳамаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ расонида мешавад, ки маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо курсҳои бозомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои “забони англисӣ”, “забони русӣ” ва “технологияи информатсионӣ” аз санаи 1.05.2021 ба роҳ мондааст. Хоҳишмандон метавонанд, ҷиҳати иштирок дар дарсҳои омӯзишӣ, ки он ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст,

 
26.04.2021 12:08

 

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ

ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

1.JPG - 250.24 KbСубҳи имрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, ба довталабон пеш аз ҳама, барору комёбӣ таманно намуд. Ҳамчунин зимни суханронӣ аз аъзоёни ҳакамон хоҳиш намуданд, ки ба донишу малакаи довталабон диққати ҷиддӣ дода, ба довталабон одилонаву  холисона баҳогузорӣ намоянд. Сипас, раиси ҳакамон профессор Рухшона Восиева баромад намуда, тарзи баргузории озмунро аз рӯи талаботи низомномаи он ба довталабон шарҳ дод. Дар озмуни мазкур аз ҳама факултетҳои донишгоҳ довталабон иштирок доштанд.

 
26.04.2021 08:01

 

БОЗДИДИ АЪЗОИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ АЗ РАФТИ

БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНОТИ СЕССИЯИ ТОБИСТОНА

1.JPG - 174.51 KbИмрӯз, 26-уми апрели соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи ҷадвали баргузории сессияи имтиҳонии тобистонаи хатмкунандагони шакли таҳсили рӯзонаи соли таҳсили 2020-2021, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ тасдиқ гардида буд, раванди имтиҳонсупорӣ оғоз ёфт. Бо мақсади шаффофу бегазанд супоридани имтиҳоноти хатмкунандагони шакли таҳсили рӯзона, раёсати донишгоҳ, аз ҷумла, қисми таълим дар 3 нуқтаи марказҳои қабули имтиҳонӣ: МҚИ 1, МҚИ 2 ва МҚИ 3 омодагии техникиро бодарназардошти риояи вазъи беҳдоштӣ ба роҳ мондааст.

 
26.04.2021 07:54

 

 

ОҒОЗИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ АЗ РӮИ

ИХТИСОСҲОИ ҒАЙРИОМӮЗГОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

7.JPG - 199.30 KbСубҳи 26-уми апрели соли 2021 дар факултетҳои психология ва таҳсилоти фарогир, биология, география, забони англисӣ, иқтисодиёт ва идоракунии маориф, таърих ва забонҳои романӣ-германии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ аттестатсияи хатмкунандагони курсҳои чорум ва панҷуми шакли таҳсили рӯзона дар соли таҳсили 2020-2021 оғоз гардид. Маврид ба ёдоварист, ки ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.ф.,дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ва сардори раёсати таълим н.и.т., дотсент Айнуллозода Наҳтулло аз раванди баргузории имтиҳони хатми  донишҷӯён боздид намуда, ба ҳамаи хатмкунандагон муваффақиятҳо хостанд.

 
24.04.2021 13:22

 

ТОЗАГИВУ ОЗОДАГӢ МАРОМИ МОСТ!

3.JPG - 348.08 KbСубҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ҷалби васеи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур дохил ва беруни донишгоҳ тозаву озода гардонида шуд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳои офтобӣ аз ҷониби кормандони қисми хоҷагидорӣ дар саҳни донишгоҳ маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид. Гулҳои шинондашуда ба донишгоҳ ҳусну таровати дигарро зам намуда, зебогии донишгоҳро дучанд мекунад.

 
24.04.2021 13:10

 

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ

ФЕСТИВАЛҲОИ “САД РАНГИ ЧАКАН” -У “ҶИЛВАИ РАНГҲО”

3.jpg - 117.40 KbСубҳи имрӯз дар Боғи Ирам даври ноҳиявии фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ва “Ҷилваи рангҳо” баргузор гардид. Дар ин фестивал-озмун раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид, намояндагони шуъбаҳои маориф, фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, занон, ҷавонон ва варзиши ноҳия, намояндагони муассисаҳои миёна ва олии касбии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва хонандагону донишҷӯён ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки дар ин фестивал-озмун омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона ширкат варзиданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ