• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
17.03.2021 02:46

 

«КИТОБ – КАЛИДИ МАЪРИФАТ»

34.jpg - 62.51 KbРӯзи 17-уми марти солии 2021 дар факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани 90-солагии донишгоҳ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои дарёфти истеъдодҳои нав ва инчунин ба хотири иштирок дар озмуни умумиҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни дигаре бо номи “Китоб – калиди маърифат”, ки санаи 20.02.2021 оғоз шуда буд, ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур дар се давр баргузор гардида, дар он донишҷӯёни бахшҳои гуногуни факултет иштирок намудаву ба даври ниҳоӣ 6 нафари онҳо роҳ ёфтанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳайати комиссияи озмун аз декани факултет д.ит. Ҳусайнов А., муовини декан оид ба илм, н.и.т., Зарифов Н., мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, н.и.п., Мусоев К., иборат буданд. Дар ҷамъбасти озмун 5 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, Холзода Алишери Навоӣ ҷойи якум, Орзуева Орифа ва Зиёев Салмон ҷойи дуюм, Авезов Муллоназар ва Ниёзов Дилшод сазовори ҷойи сеюм интихоб гардиданд.

 
17.03.2021 09:41

 

ДАРҲОИ ДОНИШГОҲ БА РӮИ ДОВТАЛАБОН БОЗ АСТ!

16.JPG - 268.86 KbИмрӯз, 17.03.2021 дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор гардид, ки дар он ҳама факултетҳои донишгоҳ дастовардҳо ва ихтирооту китобҳои тозанашри устодону донишҷӯёни хешро ба намоиш гузоштанд. Шуруъ аз соати 9:30 хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ба донишгоҳ ташриф оварда, аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ дидан намуданд. Шумораи навбатии нашрияи “Омӯзгори ҷавон”, ки фаъолияти пурраи донишгоҳро дар бар мегирифт, ба ҳар як хонанда тақдим карда шуд.

 
16.03.2021 09:38

 

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

11.JPG - 241.47 KbРӯзи 16-уми марти соли 2021 дар толори варзишии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мусобиқаи волейбол, ки байни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ бахшида ба таҷлили “Рӯзи бонувон” баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Бояд зикр кард, ки дар баргузории чорабини варзишии мазкур саҳми устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ зери роҳбарии профессор Тошқул Намозов ва муовинони деканони факултетҳо оид ба қисми тарбия хеле назаррас мебошад.

 
16.03.2021 09:29

 

ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ

2.JPG - 167.08 KbСанаи 16-уми марти соли 2021 дар синфхонаҳои №5, №7 ва №10-и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ идомаи қисми дигари кори конференсия баргузор гардид. Конференсия ҷиҳати гиромидошти хотири неки д.и.х., профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Солиев Лутфулло барпо гардида, дар се бахш идома дорад, ки дар он ҳайати академикону профессорон ва донишҷӯён иштироки доранд. Конференсияи мазкур зиёда аз 70 маърӯзаҳои илмӣ-амалиро фарогир мебошад.

 
16.03.2021 09:21

 

БОЗ ЯК ИҚДОМИ НЕК

4.JPG - 231.74 KbСанаи 10-уми марти соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақша-чорабиниҳо маҷлиси раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар доираи эълон гардидинаи солҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён ба шаҳри Ҳисор сафарбар карда шуданд. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо ин гурӯҳ сӯҳбат ороста, ба ин сафар оғози расмӣ бахшидаву ба аҳли сафар роҳи сафед хост. Сипас, омӯзгорону донишҷӯён бо роҳбарии мудири шуъбаи  тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов ба сафар баромаданд.

 
15.03.2021 12:34

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ

УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ ДАР ДОНИШГОҲ

10.jpg - 41.93 KbСанаи 15-уми марти соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои гиромидошти хотири неки Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналхалқии “Springer Nature” дар солҳои 2015 ва 2016, соҳибҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Асосгузори мактаби илмӣ-омӯзишии системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия, д.и.х., профессор, шодравон Солиев Лутфулло дар даромадгоҳи факултети химия лавҳаи хотиравӣ кушодаву ва бо ихлосу иродати хоса як лабараторияи илмӣ-тадқиқотии “Омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия” ба номи неки ин марди хирад номгузорӣ гардид.

Дар маросими кушодашавӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода доир ба хислатҳои нек ва хизматҳои арзандаи ӯ сухан ронда, меҳмонон, дӯстону ҳамкасбони марҳумро ба ин боргоҳи маънӣ хайрамақдам намуд.

 
15.03.2021 11:21

 

 

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021

33.png - 136.07 Kb15.03.2021 15:30, шаҳри Душанбе

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

 
15.03.2021 11:03

 

ЗИ КӮИ ЁР МЕОЯД, НАСИМИ БОДИ НАВРӮЗӢ

29.jpg - 75.84 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 15-уми марти соли 2021 бо ташаббуси қисми тарбия ва бо роҳбарии омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Мунаввара Турсунова дар толори Шӯрои олимони факултет бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аз ҷониби донишҷӯёни соли чорум дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ