• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҷавонон таҳкимбахши истиқлолиятанд

Мо, ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддуни зодаи Истиқлол, бояд шукргузорӣ аз тинҷиву осудагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони дошта бошем.

Бисту панҷ сол пеш муҳимтарин воқеаи таърихии миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст. 9 сентябри соли 1991 расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати бофарҳангу безаволи тоҷик иди муқаддас ва бузурги таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул шуд, ки мо – ҷавононро рӯҳбаланд ва болидахотир кард. Моро зарур аст, ки ҷавобан ба дастгириҳои доимии Ҳукумат дучанд заҳмат кашида, ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шавем, корҳои илмӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намуда, дар бунёди иншооти муҳим фаъолона ширкат дошта бошем.

Бархе аз нотавонбинон сараввал чун душманони ин сарзамини афсонавӣ тоқату тоби ин неъмати бебаҳоро накарда, миллати бофарҳанг ва баруманди тоҷикро бо ҳамдигар шӯру ғавғо андохта, ҷанги бародаркуш ташкил намуданд ва мардуми ин сарзаминро муҳоҷир карда, тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам ва поксиришт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ менамуд. Бо мурури замон он ҳама бесарусомониҳо паси сар шуданд. Давлате, ки дар хун оғушта буд, имрӯзҳо яке аз давлатҳои ваҳдатофар, орому осоишта ва миллаташ фарҳангсолор шинохта шуд. Мо-ҷавононро зарур аст, ки бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир донишҳои сиёсиамонро пайваста афзун гардонида, аз нооромиҳои босуръати ҷаҳони имрӯза огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо тайёр бошем. Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошад. Конститутсия мавқеи шахсро дар ҷамъият дар мадди аввал мегузорад, ки он гувоҳӣ аз бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст.

Ин неъмати бузург баробари ба даст омаданаш, нуру зиё, меҳру вафо ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Мо, ҷавонон, аз он мефахрем, ки Худованди муттаъол хушбахтии миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар симо ва шахсияти ин фарзанди фарзона офаридааст. Моро зарур аст, ки пайрави ободкориву созандагиҳои Сарвари давлат бошем.

Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бештари афсаронро ҷавонони зодаи истиқлол ташкил медиҳанд, ки марзу буми Ватанро ҳимоя мекунанд. Баъд аз соҳибистиқлол шудани кишвар Шӯрои миллии кор бор ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки барои мо, ҷавонон, боз ҳам имкониятҳои хуберо фароҳам овард. Мо, ҷавонон, варзишро гарави саломатӣ дониста, барои пешбурди тарзи ҳаёти солим саъйу талош мекунем.

Нахустин иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд, ки Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, роҳи наҷотро дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзид, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакати азизамон ҳукмфармо гардад. Тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳамаи тоҷикони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як миллати тоҷик аст.

Муҳсинҷони Сафарзод

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj