• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

16-ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия 16-ноябр дар ҳамаи гурӯҳҳои академии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо маводи омодашудаи матни ягона барои як соат бахшида ба Рӯзи Президент машғулият гузаронида шуд.

Мавзӯъ: 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. 1. Қисми ташкилии дарс:

I.I. Хониши суруди миллӣ (сабти овозӣ ё аз тарафи худи донишҷӯён);       (5 дақиқа).

I.2. Навори видеоӣ бо садои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» (5 дақиқа). (ҳамзамон дар журнал номи мавзӯъ ва давомоти донишҷӯён қайд мегардад).

II. Баёни мавзӯи нав

II.1. Дар тахтаи электронӣ ба донишҷӯён пешниҳод намудани презентатсия оид ба мавзӯи «16 ноябр рӯзи Президент» (ё дар тахтаи аудитория навиштани номи мавзӯъ).

Аз тарафи омӯзгор оид ба «16 ноябр – Рӯзи Президент» маълумот дода мешавад (10 дақиқа).

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қаламрави кишвар ба даргириҳои шадид кашида шуданд. Бе сарварии миллӣ, рӯҳафтодагӣ нобоварӣ ба фардо, гурезагӣ, дуздиву ғоратгарӣ, кашмакашиву хунрезӣ, гуруснагиву ноумедӣ, хазинаи холии давлат, харобиҳои иқтисодӣ ва ҳ.қ. фарогири ҷомеаи мо гардида буд. Аз ҷумла. агар соли 1991 ММД нисбат ба соли 1990 6% коҳиш ёфта бошад, соли 1992 якбора ба 40 % паст фаромад. Кишвар ва миллат низ дар вартаи нобудӣ ва ҳалокат қарор гирифта буданд.

Дар чунин вазъияти ниҳоят ҳассос  ба хотири Ватан ва Миллатро аз аз марг раҳоӣ кардан  шахсияте ё як  роҳбаре лозим буд, ки тамоми қувва ва нерӯи хешро барои таъмини сулҳи  доимӣ ва ҳифзи  Истиқлолияти миллӣ равона созад. Нафаре, ки тавонад ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобукдшавӣ наҷот бахшад, кафили сулҳу амният ва ваҳдат бошад.

Сарвари навинтихоби Тоҷикистон дар ибтидо ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ Савганд ёд кард, ки  дар сарзамини Тоҷикистон СУЛҲ меорад! Охирин муҳоҷирро ба ВАТАН бармегардонад, МИЛЛАТи парокандаро сарҷамъ мекунад.  Дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштаи Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарварӣ, ватанпарварӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ВАҲДАТ ва барқарории СУЛҲ дар Тоҷикистон  сафарҳои пурхатар карда, сулҳу ВАҲДАТро дар кишвар барқарор намуд.

Пеш аз сафари ба Кобули Афғонистон ба хабаргузори Интерфакс чунин иброз дошта буд: «Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари оппозитсиюн ман, пеш аз ҳама, мавзӯъҳоеро  баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои  оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷироне, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон  ҳастанд ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дар бар хоҳанд гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо оппоситсиюн мебошад, ки бояд бечунучаро аз ду тараф иҷро шавад».

II.2. Баромади донишҷӯён вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. (10 дақиқа).

(апрели соли 1995 дар сӯҳбат бо хабаргузории “Интерфакс”)

Пас аз баргаштани ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба Душанбе, вазири дифои Афғонистон шодравон Ахмадшоҳи Масъуд бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гумманистӣ ва ватандустона   доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш – Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омода аст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт”. (шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд)

Воқеан Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардум бо кору пайкори созандааш, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур шуд.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кард.

Ҳамчун як шахсияти таърихӣ халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифонро оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба ВАТАН баргардонд, ба МИЛЛАТ ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро ДАР ХИЗМАТИ ИНСОН гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президентии соли 1994, 1999, 2006 ва 2013 ба мақоми Президенти ҶТ комёб шуд.

15 апрели соли 2016  “Рӯзи Президенти Тоҷикистон ”-ро  Парлумон  тасдиқ кард.

Декабри соли 2016 Қонун “Дар бораи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат”-ро  ду палатаи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонид, ки ба он 25 декабр раиси ҷумҳур  имзо гузошт. Ин Қонун аз муқаддима  ва 16 модда иборат аст.

16 ноябр рӯзи савгандёдкунии нахустини Эмомалӣ Раҳмон  буд, аз ин хотир ин сана ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоб гардид.

 

III. Мустаҳкамкунии мавзуи нав (15 дақиқа).

III.1. Ба донишҷӯён пешниҳод намудани саволномаи тестӣ оид ба Рӯзи Президент

1.Бори аввал  Эмомалӣ Раҳмон кадом сол  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид?

А) соли 1992;

В) соли 1990 ;

С) соли 1994;

D) соли 1991;

Е) соли 1993;

2.Бо фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон кадом сол «Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ» эълон гардид?

А) соли 2006;

B) соли 2003;

C) соли 2005;

D) соли 2002;

Е) соли 1999;

3.Эмомалӣ Раҳмон кадом сол ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳ мушарраф гардид?

А) соли 1999;

B) соли 2000;

C) соли 1998;

D) соли 2005;

Е) соли 2015;

4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кай сазовори унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» гардид?

А) 11 декабри соли 1999;

B) 9 сентябри соли 1997;

C) 6 ноябри соли 2006;

D) 27 июни соли 2007;

Е) 27 июни соли 1997;

5.Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон кадом сол дар Тоҷикистон «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шуда буд?

А) соли 2010;

B) соли 2008;

C) соли 2009;

D) соли 2012;

Е) соли 2000;

6.Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ кадом сол Шириншоҳ Шоҳтемур ба унвони олӣ «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардид?

А) 9 майи соли 1998;

B) 16 марти соли 2000;

C) 2 4 сентябри соли 2010;

D) 27 июни соли 2006;

Е) 27 июни соли 1997;

7.Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон кай таъсис ёфт?

А) 23 октябри соли 2003;

В) 18 июли соли 1997;

C) 31 сентябри соли 2000;

D) 2 апрели соли 2001;

Е) 24 августи соли 1990;

8.Маротибаи аввал кадом сол Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари «Иттиҳоди мухолифини тоҷик» Саид Абдуллои Нурӣ дар Хостдеҳи шимолии Афғонистон бо ҳам вохӯрданд?

А) 19 ноябри соли 1992;

В) 11 декабри соли 1996;

C) 5 майи соли 1992;

D) 27 июни соли1997;

Е) 9 сентябри соли 1991;

9. Қарори аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ҷудо кардани 50 000 га замин барои кӯмаки шахсии хоҷагиҳои шаҳрвандон» кай қабул гардид?

А) 7 сентябри соли 1998;

В) 9 октябри соли 1995;

С) 1 сентябри соли1999;

D) 28 майи соли 1997;

Е) 23 феврали соли 1993;

10.Бо ташаббуси СММ ва Россия 14-уми августи соли 1995 аз тарафи     Э. Ш. Раҳмонов ва Саид Абдуллои Нурӣ Протокол оид ба кадом масъала ба имзо расид?

А) Протокол дар бораи  принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон;

В) Созишномаи умумӣ, кафолати иҷрои Созиш        номаи умумиро дарбар мегирифт;

С) Протоколҳо оид ба маҷмӯи проблемаҳои ҷузъи пайвастаи Созишномаи умумӣ;

D) Протокол оид ба масъали гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ;

Е) Созишнома оид ба оташбас;

IV. Ҷамъбасти дарс ва баҳогузорӣ:

IV.1. Супориши вазифаи хонагӣ: тайёр намудани реферат оид ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

IV.2. Баҳогузорӣ ба фаъолияти донишҷӯён (5 дақиқа).

 

Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик

н.и.т., дотсент                                                            Фозилова М.З.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj