• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳисоботи

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуд:

1. Аз 13.11.2017 то 20.11.2017 мусобиқаи волейбол барои дарёфти ҷоми ДТҶТ бахшида ба соли ҷавонон, 25-умин солгарди 16-уми Иҷлосияи Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президент дар толори варзишии ДТҶТ ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов гузаронида шуд. Аз байни 16 даста, дастаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷои 3юмро ишгол намуд. Аз тарафи Раёсати ДТҶТ ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуд.

2. Аз 20.11.2017 то 25.11.2017 дар ин ҳафтаи моҳи хониш

мусобиқаи волейбол байни донишҷӯдухтарони факултетҳои Донишгоҳ бахшида ба 25-умин солгарди 16-уми Иҷлосияи Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президент гузаронида шуд.

 

Натиҷаи бозӣ: ҷои 1. Волейболбоздухтарони факултети забони англисӣ.

2. Волейболбоздухтарони факултети физика.

3. Волейболбоздухтарони факултети химия.

Ба голибон аз тарафи мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуд.

Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо дар ҳафтаи равон ба нақша гирифта шудааст:

1. Аз 24.11.2017 то 27.11.2017 мусобиқаи шоҳмот байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ дар толори варзишии Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ зери роҳбарии устод Гадоев М.А. ширкат меварзанд.

2. Иштироки омӯзгорони кафедра ба дарсҳои ҳамдигар дароии мувофиқи пешбинишуда.

Мудири кафедра, н.и.п., дотсент                                               Намозов Т.Б.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj