• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Хизмат ба Ватан шараф аст

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади волотарини ҳуқуқӣ дар қатори кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, вазифаҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро муайян намудааст. Бояд қайд кард, ки яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс мебошад.

 

Давлат дар баробари кафолат додани ҳуқуқу озодиҳо, иҷрои вазифаҳоро аз ҷониби шаҳрвандон талаб мекунад. Вазифаи конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 42-45-и конститутсия муайян шудаанд.

Дар қатори дигар вазифаҳои конститутсионӣ ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиати давлат ҳамчун вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандон таъкид гардидааст. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд мебошад. Маҷмӯи меъёрҳое, ки вобаста ба масъалаи хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, дар моддаи 43-и конститутсия омадааст.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори ҳимоявии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст ва дар қисмати 2-юми ин модда гуфта мешавад, ки тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Дар ҷомеаи воқеан ҳам ҳуқуқбунёди демократӣ ягон соҳаи ҳаёти ҷамъиятие ҷой надорад, ки танзими қонунӣ надошта бошад. Масъалаи ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ низ тибқи қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба танзим дароварда мешавад.

Қонуни мазкур 13 марти соли 2005 аз ҷониби ҳокимияти қонунгузор қабул шудааст. Он асосҳои ҳуқуқии уҳдадориҳои ҳарбӣ ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро дар ин соҳа муайян менамояд. Тибқи қонуни мазкур уҳдадориҳои ҳарбӣ аз инҳо иборатанд: дар қайди ҳарбӣ будан, омодагии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, даъват ба ҷамъомадҳо ва гузаштан аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳангоми сарбоз ё афсари эҳтиётӣ будан, омӯзиши ҳарбӣ дар давраи ҷанг.

Хизмат ба Ватан дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ хусусияти хоси худро дошт ва дар ҳар давру замон аз рӯи тартиб ва қоидаи хизмат фарқ мекард. Пас аз истиқлолияти комил ба даст овардан мамлакат таъсиси Артиши миллиро 23 марти соли 1993 расман эълон намуд.

Мувофиқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки бе сабабҳои узрнок аз хизмати ҳарбӣ даст мекашанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Моро зарур аст, ки Ватани тӯли қарнҳо ба мо мерос мондаро пос дорем ва ҳифз намоем, дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузорем ва Ватани азизи хешро аз ҳама гуна таҳдидҳои сиёсию ҳарбии ҷаҳонӣ ҳимоя кунем.

Шуҳратҷон Қозизода, донишҷӯи факултаи таърих

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj